Дар Душанбе афзоиши тиҷоратро бо Қазоқистон баҳс карданд
Тоҷирони тоҷику қазоқистонӣ дар ҳамоише дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ ва чигуна зиёд кардани додугирифтро баррасӣ карданд. Ҳамоиши тоҷирони Қазоқистон ва Тоҷикистон субҳи 12-уми сентябр дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и Душанбе оғоз шуд.