"Дар Русия азоб кашидам, ба Аврупо меравам" ВИДЕО
Талабшо Ханипов барои сафар ба Литва омода мешавад. Ин сокини 33-солаи ноҳияи Рашт барои кор дар ширкати боркашонии Bleairas дархост дод ва ӯро ҳамчун ронанда пазируфтанд. Мегӯяд, дӯстонаш дар Литва кор мекунанд ва барои рафтани ӯ кумак карданд.