Чин дар Афғонистон сафири нав таъйин кард
Чин нахустин кишваре шуд, ки сафири худро дар Афғонистон баъд аз сари қудрат омадани гуруҳи Толибон расман таъйин мекунад.
Сафири Чин эътимодномаи худро зимни як маросими расмӣ дар шаҳри Кобул ба сарвазири ҳукумати Толибон дар Афғонистон супурдааст.
"Ҳадаф идомаи рушди муколама ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар мебошад. Сиёсати Чин нисбат ба Афғонистон возеҳ аст", - гуфтааст намояндаи Вазорати умури хориҷии Чин.
Ин бори нахуст аст, ки як кишвари хориҷӣ баъди сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли 2021 сафири худ дар Афғонистонро расман таъйин мекунад. Дар давоми ин ду сол ягон кишвар ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.
Гуруҳи Толибон дар бештари кишварҳо террористӣ эълом шудааст.