"Барқро қатъ карданд; забонхат мегиранд." Даъват ба артиш дар Ворух
Сокинони чанд маҳаллаи ҷамоати Ворух дар марзи Қирғизистон мегӯянд, се рӯз боз барқ надоранд ва мақомот гуфтаанд, ба шарте мушкилро ҳал мекунанд, ки писаронашон барои хидмат дар артиш худро сабти ном кунанд. Даъват ба артиш расман аз якуми октябр бояд оғоз шавад.