Аввалин вазири мудофиаи Тоҷикистон даргузашт
Александр Шишлянников, генерали артиши Узбакистон ва аввалин вазири мудофиаи Тоҷикистон дар 73-солагӣ даргузашт. Вазорати мудофиаи Узбекистон хабар дод, ки Шишлянников баъди бемории тӯлонӣ 15-уми сентябр даргузашт ва як рӯз баъд ӯро дар шаҳри Чирчиқ ба хок супориданд.