Кохи Сафед мулоқоти пешорӯи Байден бо сарони Осиёи Миёнаро шарҳ дод
Ҷейк Салливан, мушовири амнияти Кохи Сафеди ИМА дар мулоқот бо рӯзноманигорон дидори пешорӯи президенти ИМА Ҷо Байденро бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ шарҳ дод.
"Нахустин саммити президентҳо ба роҳбарон имкон медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, тиҷорат, тағйирёбии иқлим ва ислоҳоти мавҷудаеро баррасӣ кунанд, ки ба беҳсозии мудирият ва волоияти қонун равона шудаанд", - гуфт Салливан.
Вай ҳамзамон афзуд, "саммит зидди ҳеч кадом кишваре равона нашудааст". Салливан гуфт, дар поёни мулоқот қабули изҳороти муштарак дар бораи ҳамкориҳои минбаъда дар назар дошта шудааст.
Саммити президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо президенти ИМА дар рӯзҳои кушодашавии анҷумани Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор хоҳад шуд. Пештар аз ин чунин мулоқотҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳузури котиби давлатии ИМА баргузор мешуданд.