"На чизе мегӯянд, на гузаштан мемонанд." Банд мондани даҳҳо ронандаи тоҷик дар Беларус
Даҳҳо ронандаи тоҷик рӯзи чаҳорум аст, ки дар марзи Беларус ва Русия дармондаанд. Онҳо аз Аврупо ба Русия ва аз он ҷо ба Тоҷикистон раҳсипор будаанд. Мошинҳои онҳо рақамҳои аврупоӣ доранд. Масъулини Сафорати Тоҷикистон гуфтанд, мушкил бо айби ронанадагон пеш омадааст.