Роҳбари ихроҷшудаи Sputnik корманди Хадамоти махсуси Русия будааст
Роҳбари хабаргузории "Sputnik Молдова" Виталий Денисов, ки 13 сентябр аз Молдова ихроҷ ва вурудаш барои 10 сол манъ шуд, корманди маркази 72-уми хадамоти махсуси Русия будааст. Дар ин бора расонаи The Insider хабар медиҳад.