Порлумони Қирғизистон тарҳи қонуни ҷанҷолиро баррасӣ накард
Рӯзи 19 сентябр дар ҷаласаи Кумитаи порлумони Қирғизистон оид ба тартиби қонунӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва муқобила бо фасод, вакилон мебоист тарҳи қонун "дар бораи созмонҳои ғайритиҷорӣ"-ро баррасӣ мекарданд. Аммо ба далели набуди кворум ё бештари вакилон, ин тарҳи қонун ба баррасӣ гирифта нашуд.