Сарбози собиқро панҷ сол зиндонӣ карданд
Бо қарори додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд ахиран сержанти хурде, ки мӯйсари нӯҳ сарбозро кӯтоҳ карда дар тори сари онҳо калимаи Конибодомро тарошида буд, гунаҳгор дониста шуд. Муҳриддин Исломови 29-соларо дар сӯистифода аз мақом гунаҳкор эълон карданд.