Писари ректори Донишгоҳи славянӣ дар садамаи маргбори овозхон ширкат доштааст
Ҷавоне, ки номаш дар робита ба марги фоҷиавии овозхон Некрӯз Ниёзов расонаӣ шуд, писари ректори Донишгоҳи славянӣ будааст. Бино бар хабари расмӣ, Комёб Файзулло шаби 21-уми сентябр дар наздикии тарабхонаи “Боми Ҷаҳон” тасодуф карда, овозхон Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш кард.