Чин дар тарҳи интиқоли оби "Кампиробод" ширкат мекунад
Ширкати чинии "SINOMASH" тасмим дорад, дар амалисозии тарҳи интиқоли оби ошомидании обанбори "Кампиробод" ба шаҳри Фарғонаи Узбекистон кӯмак расонад. Дар ин бора мақомоти вилояти Фарғона хабар доданд.