Русия содироти маводи сӯхтро маҳдуд кард
Ҳукумати Русия аз рӯзи 21-уми сентябр барои содироти бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) муваққатан маҳдудият ҷорӣ кард. Дар қароре, ки зераш нахуствазир Михаил Мишустин имзо кард омадааст, "маҳдудияти муваққатӣ имкон медиҳад, ки маҳсулот дар бозор фаровон шуда, нарх поён равад."