Ҳасан чӣ гуна ба Корея рафт ва онҷо чанд пул кор мекунад? ВИДЕО (Рӯзгори муҳоҷир)
Кор дар бахши кишоварзӣ, сохтмон ва ҷангал, танҳо чанде аз номгӯи машғулиятҳоест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ анҷом медиҳанд. Ин кишвар ки дар Осиёи Шарқӣ ҷойгир аст, солҳои ахир ба масири нави кории зодагони Тоҷикистон табдил ёфтааст.