Нахустин гурезаҳои Қарабоғ вориди Арманистон шуданд
Нахустин гуруҳи гурезаҳои арманитабори Қарабоғи Куҳӣ, ки мехостанд минтақаро тарк кунанд, рӯзи якшанбе вориди Арманистон шуданд.
Бахши армании Радиои Озодӣ хабар дода, ки гурезаҳоро дар деҳаи Корнидзори вилояти Сюник, дар ҷануби Арманистон ҷойгир кардаанд.
Мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар ҳамроҳии Салиби Сурх ҳамчунин аз Қарабоғи Куҳӣ 23 захмиро ба Арманистон бурдаанд.
Никол Пашинян рӯзи якшанбе изҳор дошт, ки Арманистон омода аст сокинони армании Қарабоғро бипазирад.
Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти низомии Озарбойҷон мақомоти армании ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки беш аз 30 сол боз вуҷуд дошт, ба Боку таслим шуданд.
Интизор меравад, тамоми қаламрави ин минтақа зери назорати Озарбойҷон қарор гирад. Дар ҳоли ҳозир музокирот дар бораи тарзҳои мутобиқ гардондани ҷомеаи арманиҳои Қаробоғи Кӯҳӣ дар ҳудуди Озарбойҷон идома дорад.