Боздошти хабарнигори Озодӣ барои сабти намоишгоҳи Остона
Маъмурони пулиси шаҳри Остона хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ Сания Тойкенро пеш аз оғози намоишгоҳи "INNOPROM.QAZAQSTAN", ки рӯзи 25-уми сентябр дар ҳудуди "ЭКСПО"-и шаҳр оғоз шуд бидуни шарҳ боздошт карданд. Вай танҳо баъд аз ду соат озод шуд.