Содир Ҷабборов хабарҳо дар бораи "Кампиробод"-ро шарҳ дод
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов хабарҳо дар бораи сармоягузорӣ шудани лоиҳаи интиқоли оби ошомиданӣ аз обанбори Кампиробод ба Фарғонаро аз сӯи Чин шарҳ дод.
Вай рӯзи 26 сентябр дар суҳбат бо хабаргузории расмии "Кабар" гуфтааст, ки обанбори Кампиробод сад дар сад дар ихтиёри Узбекистон қарор дорад ва соли гузашта мушкили марбут ба он дар баробари мушкилоти марзӣ ҳал шудааст.
Ба гуфтаи Ҷабборов, Қирғизистон ва Узбекистон ҳоло ин иншоотро бо шартҳои баробар идора мекунанд.
Ҷабборов афзуда, ки Қирғизистон танҳо 10 дарсади оби Кампирободро истифода мекунад ва боқии он ба Узбекистон меравад.
"Ба саволи муҳимтарин таваҷҷӯҳ мекунам. Оё барои мо фарқ дорад, ҷониби Узбекистон оберо, ки аллакай ба он кишвар ҷорӣ мешавад, чӣ гуна дастрас мекунад? Тавассути қубур, ҷӯйбор ё ҳаво ? Масъалаи асосӣ ин аст, ки ҳамаи корҳо миёни ҷонибҳо мувофиқа шудааст. Дӯстии узбекон ва қирғизҳо минбаъд таҳким меёбад", - изҳор доштааст ӯ.
Ахиран ширкати чинии "SINOMASH" хабар дод, ки мехоҳад, дар амалисозии тарҳи интиқоли оби ошомидании обанбори Кампиробод ба шаҳри Фарғонаи Узбекистон кумак расонад.
Узбекистону Қирғизистон соли 2022 созишномаи мудирияти муштараки обанбори Кампирободро имзо карданд. Ин обанбор дар марзи ду кишвар ҷойгир аст.
Ин созишнома дар Қирғизистон боиси эътирозҳои оммавӣ шуд. Бархе аз сокинон гуфтанд, ки мақомоти Қирғизистон "заминҳои ин кишварро ба Узбекистон додаанд". Дар пайи ин эътирозҳо дар Қирғизистон парвандаи ҷиноие боз шуд, ки дертар номи "Парвандаи Кампиробод"-ро гирифт. Дар доираи ин парванда наздики 30 сиёсатмадор ва фаъоли ҷамъиятиро боздошт карданд.