Мехоҳед кадом навъи маҳсулот дар бозор арзон бошад?ВИДЕО
Дар як ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон нархи орду равған боло рафтааст. Бар асоси гузориши нави барномаи озуқаи СММ, ки нархи маҳсулот дар бозорҳои кишварро пайгирӣ мекунад, нархи орд ва равған дар аксар бозорҳои кишвар то 18 дарсад боло рафтааст.