Тоҷикистон чанд фурудгоҳи маҳаллиро ба низомиён дод
Тоҷикистон чанд фурудгоҳи маҳаллиро, ки то ин дам дар ихтиёри ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар буданд, ба итоати Вазорати мудофиа додааст. Қарорро дар ин бора раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 31-уми август имзо кард. Радиои Озодӣ нусхаашро 25-уми сентябр дид.