Боздошти ду корманди Фурудгоҳи Душанбе
Ду корманди Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанберо дастгир кардаанд. Шарҳи расмии мақомот дастрас нест. Ду манбаи аз ҳам ҷудои Радиои Озодӣ дар фурудгоҳ гуфтанд, ки Азаматулло Маҳмадшоев ва Олим Ҷалолов ба ғайриқонунӣ фиристодани тило ба Ҳиндустон гумонзад ҳастанд.