Пашинян Озарбойҷонро дар поккории қавмӣ муттаҳам кард
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян бо ишора ба бурунрафти дастаҷамъонаи арманитаборон аз Қарабоғи Куҳӣ, Озарбойҷонро ба сиёсати поккории қавмӣ муттаҳам кард.
Пашинян рӯзи 28 сентябр дар ҷаласаи ҳукумати Арманистон гуфт, "ин як амали мустақими поккории қавмӣ ва маҳрумсозӣ аз зодгоҳ аст. Ҷониби Арманистон дер боз ҷомеаи ҷаҳониро аз он ҳушдор додааст". Вай аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки даст ба иқдоми ҷиддӣ бизананд.
"Изҳороти бозигарони гуногуни байналмилалӣ, ки поксозии қавмӣ дар Қарабоғи Куҳиро маҳкум мекунанд, муҳим аст. Аммо агар иқдоми мушаххасро дар пай надошта бошанд, ин изҳоротҳо ҳамчун эҷоди омори ахлоқӣ барои таърих маҳсуб хоҳанд шуд", - илова кардааст Пашинян.
Сухангӯи сарвазири Арманистон Назелӣ Багдасарян гуфт, то 28 сентябр 66 500 сокини Қарабоғи Куҳӣ ба ин кишвар рафтаанд, ки беш аз ними аҳолии минтақаро ташкил медиҳанд.
Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти низомии Озарбойҷон мақомоти армании ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки беш аз 30 сол боз вуҷуд дошт, ба Боку таслим шуданд.
Президенти ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ Самвел Шахраманян дирӯз фармони барҳамхӯрдани ҷумҳуриро аз 1-уми январи соли 2024 имзо кард.