Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Сентябрь
2023

Замир Кобулов: Тоҷикистон мухолифи бархе нуқоти "Эъломияи Қазон" аст

0
Замир Кобулов: Тоҷикистон  мухолифи бархе нуқоти

Расонаҳои русӣ аз қавли Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон навиштанд, ки Тоҷикистон бархе аз нуқтаҳои эъломияи нишасти "Формати Маскав"-ро таъйид накардааст. Нишасти "Формати Маскав" дар бораи Афғонистон, имрӯз, 29-уми сентябр дар шаҳри Қазон оғоз шуд.

Ба иттилои хабаргузории русии ТАСС, Замир Кобулов ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои шашумин нишасти "Формати Маскав" гуфт, "кори мо такмил шудааст, Эъломияи Қазон тақрибан тавассути ҳама, ба ҷуз Тоҷикистон, таъйид шудааст. Шарикони тоҷики мо ба бархе аз нуқтаҳои ин эъломия эътироз доранд".

Аммо Замир Кобулов дақиқан нагуфтааст, ки Тоҷикистон ба кадом нуқтаҳои ин эъломия мухолифат кардааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳам то кунун дар ин робита ибрози назар накардааст.

Аммо ба иттилои расонаҳои русӣ, Шараф Раҳимӣ, намояндаи Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфтааст, ки дар Афғонистон ҳуқуқи дигар қавмҳо нодида гирифта шуда, манобеи иқтисодӣ ва сиёсӣ ба таври нобаробар дар кишвар байни ақвом тавзеъ шудааст. Вай гуфтааст, ки Тоҷикистон аз ташкили як ҳукумати фарогир ҳимоят мекунад, ки дар он ҳама гурӯҳҳои қавмӣ ҳузур дошта бошанд.

Шараф Раҳимӣ дар ин ҳамоиш ҳамчунин гуфтааст, ки гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтаанд ва ҷавонони ин кишвар талош доранд ба гурӯҳҳои террористӣ бипайванданд. Вай афзудааст, ки ин гурӯҳҳо аслиҳаи сабук ва вазнин дар ихтиёр доранд ва маълум шудааст, ки аз фурӯши маводи мухаддир даромад доранд.

Намояндаи Тоҷикистон дар ин нишаст ба фақри шадид ва вазъияти бӯҳронӣ дар Афғонистон ишора кардааст. Ӯ гуфтааст, ки расидагӣ ба мушкилоти ҷиддии ҳуқуқи башар ва вазъияти бади иқтисодӣ ва ташкили ҳукумати фарогир дар ин кишвар, хости ҳама кишварҳои ҳамсоя аст.

Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад ва Шараф Раҳимӣ гуфтааст, ки ҳама кишварҳои кӯмакрасон метавонанд аз марзҳои Тоҷикистон истифода кунанд.

Ахиран Тоҷикистон ҳама пулҳои марзӣ бо Афғонистонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дигарбора боз кард.

Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон, мақомоти Тоҷикистон дар мавориди зиёде нигаронии худро аз ҳузури ҷанҷӯёни тоҷик дар хоки Афғонистон иброз доштаанд. Дар авоили моҳи ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз се тан аз ҷангиёни гурӯҳи "Ансоруллоҳ" кушта шуданд. Мақомоти тоҷик эълон карданд, ки онҳо бо силоҳу таҷҳизоти зиёд аз қаламрави Афғонистон вориди Тоҷикистон шуданд.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал о производстве в Москве умных меток и смарт-карт





Москва

Новая попытка азербайджанских вандалов исламизировать армянское культурное наследие в оккупированном Шуши


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о работе сервиса «Вместе с культурой»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Вид Волочковой без фотошопа потряс публику — макияж не спасает




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Полезные приложения для поклонников спортивной ходьбы

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий


Даниил Медведев

Без защиты: как Медведев и Хачанов проиграли свои матчи в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Происшествия

При силовой поддержке столичного спецназа Росгвардии задержан домушник, маскировавшийся под курьера службы доставки



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России