ПМТ: Кабирӣ дар Литва бо мақомот ва вакилон мулоқот кард
Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи чаҳор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки раҳбари ин ташаккули сиёсӣ Муҳиддин Кабирӣ ба Литва сафар карда, бо мақомот, вакилони порлумон аз ҳизбҳои сиёсии гуногун, чеҳраҳои сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ кардааст.
Ба иттилои Паймони Миллии Тоҷикистон, дар ин мулоқот дар бораи вазъи кунунии Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Миёна ва масоили дигар гуфтугӯҳо сурат гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, ки оқои Кабирӣ ҳамчунин бо бархе расонаҳои маҳаллӣ дар ин кишвар мусоҳиба анҷом додааст.
Кишварҳои назди Балтик, ба вижа Литва, дар ҳоли ҳозир мизбони садҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, шуморе аз мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Дар гузашта бархе аз аъзои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар ин кишварҳо боздошт шуда буданд.
Созмонҳои байналмилалӣ аз амалкарди ин кишварҳо интиқод карда, хоста буданд, ки ин боздоштшудаҳо ба Тоҷикистон истирдод нашаванд, зеро онҷо мавриди озору шиканҷа қарор мегиранд ва ба солҳои тӯлонӣ ҳабс мешаванд.