“Толибон” дар як фурӯшгоҳи Маскав паспортҳои худро гум карданд
Зимни сафар аз Маскав ба Қазон барои ширкат дар ҷаласае дар чаҳорчӯби “формати Маскав” чанд узви ҳайати Толибон шиносномаҳои худро гум карданд. Аз ҷумла, телеграм-канали Mash хабар дод, ки ҳайати намояндагони ҳукумати Толибони Афғонистон, ки рӯзи 29 сентябр бояд дар шаҳри Қазон дар машваратҳои Маскав иштирок мекарданд, дар меҳмонхонаи "Президент-отел" ҷойгир шуданд.
Яке аз аъзои ин ҳайат шом ба супермаркети Маркази тиҷоратии “Европейский” ворид шуд. Полис ба Mash гуфтааст, ин намояндаи ҳайат ҷайберо бо се шиносномаи дигари аъзои ҳайати Толибон, аз ҷумла, паспорти муовини намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷӣ Аҳмад Зиё Такал бо худ дар даст дошт.
Баъди харид ва берун шудан аз фурӯшгоҳ ӯ фаҳмидааст, ки ҷайбро бо шиносномаҳо дар кассаи фурӯшгоҳ гузошта рафтааст. Вақте дубора ба фурӯшгоҳ баргашт, онро наёфт. Дар натиҷа, ҳайати Толибон ба полис шикоят карданд. Полис гуфтааст, ки шиносномаҳои гумшудаи аъзои ҳайати Толибонро ҷустуҷӯ дорад.
Дар ҷаласаи “Формати Маскав”, ки рӯзи ҷумъа дар Қазон бо иштироки ҳамсояҳои Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон баргузор шуд, ҳайати Толибон ба раҳбарии Амирхон Муттакӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷӣ иштирок кард.