Сапеда Ғулиёнро барои шиори зидди Хоманеӣ 2 сол зиндон карданд
Дар Эрон як фаъолеро, ки барои шиори зидди Хоманеӣ гунаҳгор дониста шуд, ба ду соли зиндон маҳкум карданд. Сапеда Ғулиён, як ҳомии ҳуқуқи коргарон як моҳ баъди озод шудан аз боздоштгоҳ дубора ба зиндон маҳкум шуд. Ғулиён 15 март аз зиндони Эвини Теҳрон баромад ва ҳамон замон садо баланд кард ва гуфт: “Хоманеии Заҳҳок, мекушемат зери хок!” Ин ишора ба раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ буд ва ин навори видеоӣ дар шабакаҳо ба гардиш даромад. Чор соат баъди озод шудани Сапеда аз боздошт ӯро дубора ҳабс карданд. Читать дальше...