Муҳокимаи шаш нафар дар робита ба латукӯби сарбозон. ВИДЕО
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи шаш сарбоз ва афсаре шуруъ кардааст, ки пас аз паҳн шудани видеои латукӯби наваскарон боздошт шуданд. Ин навор як моҳ пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфиро ба бор овард.