Дар садамаи автобус дар Венетсия 21 кас фавтид
Дар натиҷаи аз "эстакада" сарозер шудани автобуси сайёҳон дар Венетсия, 21 кас аз ҷумла ду кӯдак фавтида, 10 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Дар натиҷаи аз "эстакада" сарозер шудани автобуси сайёҳон дар Венетсия, 21 кас аз ҷумла ду кӯдак фавтида, 10 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Ҳомии ҳуқуқ Стив Сведлов дар бораи нопадидшавии мухолифини ҳукумати Тоҷикистон таҳқиқот анҷом додааст. Ӯ натиҷаи ин пажӯҳишро дар нишасти САҲА ироа хоҳад кард.
Дар нишасти САҲА дар Варшава нопадидшавии мухолифини ҳукумати Тоҷикистон баҳс шуд, суҳбат бо ҳомии ҳуқуқ Стив Сведлов, ширкати доруфурӯшии духтари Президенти Тоҷикистон зери ҳимояи давлат будааст ва ҳамоиши сармоягузорон дар Душанбе.
Дирӯз дар шаҳри Варшава нишасти солонаи вазъи ҳуқуқи башар оғоз шуд. Дар ин ҳамоиш аз фишор болои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бастани созмонҳои ҷамъиятӣ дар Бадахшон ва масоили дигар гуфтанд.
Ҳамоиши байналмилалии сармоягузорон дар Душанбе чӣ натиҷа овард? Гузориши Искандари Фирӯз ва Амир Исоев
Таҳқиқоти Радиои Озодӣ ошкор кард, ки духтари начандон маъруфи президенти Тоҷикистон империяи тиббиеро ба роҳ мондааст, ки аз сӯи давлат ҳимояту таблиғ мешавад. Шавҳари вай дар Туркия сафир аст ва ба пешбурди манфиатҳои тиҷории ҳамсараш кумак мерасонад.
Наздикони айбдоршавандаҳои "Парвандаи Кампиробод" 4-уми октябр пушти дари Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҷамъ шуда, талаб карданд, ки муҳокимаҳои додгоҳӣ озод баргузор шаванд.
Парвина Раҳмонова, духтари панҷуми президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан, ки ба ҷомеа таъсир надорад. Аммо қисман ба лутфи тендерҳои миллиондолларии давлатӣ ширкати фарматсевтие, ки вай соҳибаш аст, ба як нерӯи ҳоким дар бахши тандурустии кишвар табдил шудааст.
Эътилофи воридкунандагони нафти Қирғизистон 3-уми октябр аз сар задани мушкил дар ворид кардани маводи сӯхт тавассути роҳҳои оҳани Қазоқистон изҳори нигаронӣ кард.
ИМА аз фишор болои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон амиқан нигарон аст. Дар ин бора 3 октябр дар рӯзи аввали ҷаласаи Арзёбиҳои инсонии САҲА дар шаҳри Варшава сафири Амрико Майкл Козак изҳори назар кард.
Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон тағйирот ба Қонун "Дар бораи Додгоҳи конститутсиони"-ро имзо кард. Ин тарҳ рӯзи 28-уми сентябр аз сӯи порлумон қабул шуда буд.
Паймони миллӣ, эътилофи чор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз мақомот хост, ҷузъиёти музокираи марзӣ бо Қирғизистонро барои мардум шарҳ диҳанд. Ин созмон навиштааст, аз "идомаи гуфтушунидҳо ҷонибдорӣ менамояд", вале "қазия бояд одилона ва бо назардошти он ҳали ниҳоии худро пайдо кунад, ки Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд ва наметавонад бошад." Паймони миллӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст, аз он нигаронӣ кардааст, ки гуфтугӯҳо барои муайян кардани хати марз пинҳон аз назари ҷомеа мегузарад. Читать дальше...
Вакилони Маҷлиси намояндагони Амрико 3-уми октябр дар як раъйгирии таърихӣ Кевин Маккартиро аз роҳбарии маҷлис барканор карданд. Ба навиштаи хабаргузории Ройтерс, дар таърихи Амрико бори аввал аст, ки роҳбари ин шохаи қонунгузор ба раъйи вакилон барканор мешавад.
Ширкати "Роҳҳои оҳани Узбекистон" хабар дод, ки аз 20-уми октябр қимати билети қатораҳо дар дохили кишвар меафзояд.
Миҷгона Самадова, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои 19-уми осиёии Ҳангжоу-2022 дар риштаи бокс медали биринҷӣ ба даст овард. Ин ҳафтумин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор меравад.
Дар Қаробоғи Куҳӣ аз 50 то 1000 армантабор боқӣ мондааст. Дар ин бора Созмони Милал баъд аз сафари маъмурияташ ба ин минтақа хабар дод.
Соати 3:31-и субҳи 4-уми октябр заминларзае пойтахти Тоҷикистонро такон дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт, маркази заминларза дар 7 километрии Душанбе ва дар ҳудуди ноҳия Рӯдакӣ буд.
Намоишгоҳи ёздаҳуми байнулмилалии "Китоби Душанбе" рӯзи 3-юми октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шуруъ шуд ва то 5-уми октябр идома мекунад. 30 ношири дохилӣ ва намояндаҳои ҳафт кишвар, аз ҷумла, Эрон, Узбекистон, Турки, Ҳиндустон, Белорус, Туркманистон ва Русия ба инҷо омадаанд. Дар ин намоишгоҳ аз асарҳои адибони классику муосири тоҷик то нависандагони русу туркро пайдо кардан мумкин аст.
Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 4-7-уми октябр дар шаҳри Одивеласи Португалия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Расонаҳои озарбойҷонӣ бо такя ба манобеи худ менависанд, се президенти ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ - Араик Арутюнян, Аркадий Гукасян ва Бако Саакян боздошт шудаанд. Онҳоро дар Степанакерт боздошт ва баъдан ба Боку интиқол додаанд. Низомиҳои Озарбойҷон ҳамчунин раиси пешини порлумони ҷумҳурии эътирофнашуда Давид Ишханянро боздошт кардаанд. Ҳамаи боздоштшудаҳоро "дар ҷиноятҳои зиёде" айбдор мекунанд, менависанд расонаҳои Озарбойҷон. Мақомоти Озарбойҷон дар бораи боздоштҳо расман хабар надодаанд. Читать дальше...
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости