Ҷасади Нозия Исмонзодаро аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд
Ҷасади Нозия Исмонзодаро баъд аз панҷ рӯзи бедаракшавӣ аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд.
Ҷасади Нозия Исмонзодаро баъд аз панҷ рӯзи бедаракшавӣ аз дарёи Кофарниҳон ёфтаанд.
Пизишкони “Қарияи Боло”-и Душанбе аз бадани сарбози Вазорати корҳои дохилӣ, Асламҷони Амирбек, сӯзанеро берун овардаанд. Баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ онро “эҳтимол кори куҳнасарбозон” гуфтанд. Сухангӯйи вазорат рад кард. Худаш дар бемористони касалиҳои равонӣ аст. Дар асл чӣ иттифоқ уфтод?
Тоҷикистону Қирғизистон дар се моҳи ахир дастикам панҷ бор аз музокирот хабар доданд, ки дар он як бахши бузурги марзи муштарак ташхису аломатгузорӣ шудааст. Ин раванд ба зиндагонии сокинони деҳоти марзӣ ҳам таъсири мусбат расонидааст. Гузориши Фарзон Муҳаммадӣ дар ин бора аст.
Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғистон ба музокироти марзӣ идома доданд; табибон муайян хоҳанд кард, ки аз куҷо дар тани наваскар сӯзан пайдо шуд; маҳви боғе дар шаҳри Кӯлоб ва матолиби дигар.
Дар тани як наваскари тоҷик, ки бо бад шудани вазъи саломатӣ ба беморхона интиқол ёфт, табибон сӯзан пайдо кардаанд. Сарбоз ҳоло дар беморхонаи рӯҳӣ будааст. Чаро ё чӣ тавр сӯзан ба тани сарбоз ворид карда шудааст?
Соҳибони норозии як боғ дар Кӯлоб аз он шикоят доранд, ки заҳмати чандинсолаашон дар заминро як амри мақомот ба хок яксон кард. Бо ин амр беш аз сад дарахти мевадиҳандаи боғро, ки як манбаи даромади чандин хонавода буд, решакан кардаанд.
Сухангӯйи президенти Қирғизистон Аскат Алагозов 12-уми декабр гуфт, раисҷумҳур Содир Ҷабборов имсол низ барои рӯзноманигорон нишасти хабарӣ баргузор намекунад.
Аз 1-уми январи имсол нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон 16 дарсад боло бурда хоҳад шуд.
Номзади ҳизби ҳокими "Озарбойҷони нав” дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии Озарбойҷон раиси ҷумҳурии ҳозира Илҳом Алиев хоҳад буд. Интихобот 7-уми феврали имсол мегузарад.
Ҳавопаймои Uzbekistan Airways, ки рӯзи 11-уми декабр аз шаҳри Ню-Йорк ба Тошканд парвоз мекард, ночор дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербурги Русия фуруд омадааст.
Муовини дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Метеорологӣ мегӯяд, “солҳои охир гармтарин дар таърихи башарият аст”. Елена Манаенкова бовар дорад, ки “идомаи чунин ҳол боис ба об шудани пиряхҳо дар кӯҳҳо ва болоравии мизони об дар баҳру уқёнусҳо хоҳад шуд.”
Додгоҳи олии Тотористон 12-уми декабр ҳукми ҳабси хабарнигори Бахши тотору бошқирди Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Алсу Қурмашеваро бетағйир гузошт. Ӯ рӯзи 18-уми октябри имсол дастгир шудааст.
Пас аз як рӯзи изҳороти президенти Қирғизистон дар бораи тақрибан ниҳоӣ шудани ҳалли масъалаи сарҳад бо Тоҷикистон раҳбарони ҳайатҳои давлатии ду кишвар дар Бодканд гап задаанд.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон нақшаи омодагиро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, эълон кард.
Фаридун Одилов, варзишгари тоҷик, ба набарди муҳорибаҳои омехта АСА (Absolute Championship Akhmat) 168, ки 24-уми декабр дар толори «ССКА Арена»-и шаҳри Маскав доир мегардад, омодагӣ мебинад.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости