Украина аз маҳкум шудани журналист Роман Сушенко интиқод кард
Киев ва ҳам созмонҳои ҳомии озодии баён ҳукми журналисти украинӣ Роман Сушенкоро, ки рӯзи 4 июн дар Русия бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, интиқод карданд. Вакили дифои ӯ Марк Фейгин гуфт, ки ин иттиҳом сохтакорӣ шуда худи парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад.
Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар масоили озодии матбуот гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ мутаассиф аст ва аз Русия хост, ки журналистро озод кунад. “Журналистӣ ҷиноят нест”, гуфт Дезир дар як изҳороташ. Ҳамчунин Кумитаи дифоъ аз журналистон, ки дар Ню-Йорк воқеъ аст, озод шудани Сушенкоро тақозо кард ва гуфт, ки мақомоти Русия далелҳои шайъии гунаҳгор будани журналистонро пешкаш накарданд.
Президенти Украина Петро Порошенко ҳам гуфт, ки иттиҳомоти Сушенко сохта аст. Киев, фаъолони ҳуқуқи башар ва ҳукуматҳои ғарбӣ мегӯянд, ки аз замони ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014 ва пуштибонии Русия аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, Маскав чандин журналистро бар асоси иттиҳомоти сохта ва бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон андохтааст.