Гурбаи фолбин пирӯзии футболбозони Русия бар дастаи Арабистони Саудиро пешгӯӣ кард
Гурбаи фолбин пирӯзии футболбозони Русия бар дастаи Арабистони Саудиро пешгӯӣ кард.

Гурбаи фолбин пирӯзии футболбозони Русия бар дастаи Арабистони Саудиро пешгӯӣ кард.
Гиорги Квирикашвилӣ, нахуствазири Гурҷистон, дар пайи чанд тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар он кишвар ба истеъфо рафт. Квирикашвилӣ рӯзи 13-уми июн дар эъломияе тасмими худро асосан ба “якдигарнофаҳмӣ” бо раҳбари ҳизби ҳокими “Орзуи гурҷӣ” Бидзина Иванишвилӣ рабт дод. Моҳи майи имсол ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳои Тифлис, пойтахти Гурҷистон баромада, хостори истеъфои вазири умури дохилӣ ва нахуствазири он кишвар шуданд. Онҳо ба амалиёти зидди маводи мухаддири пулис дар ду клуби шабонаи машҳур эътироз карданд. Читать дальше...
Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” маҳсуб мешавад, гурзро ба дурии 78 метру 18 сантиметр ҳаво дод.
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Комиссиюни давлатии мусоидати барӯйхатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон баргузор шуд. Ҷаласаро нахуствазир Қоҳир Расулзода барпо кард, ки раҳбарии ин комиссиюнро ба ӯҳда гирифтааст. Барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2020 барпо мешавад ва дар ҷараёни он, ба қавли Расулзода, ба ҷуз шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон, инчунин маълумот оид ба суръати афзоиши аҳолӣ, таносуби гурӯҳҳои аҳолӣ аз рӯи ҷинсият, синну сол, нишондиҳандаҳои таваллуд ва фавт, шуғл, маълумот ва ғайра сабт мешавад. Читать дальше...
Як созмони ҳомии ҳуқуқ Додситонии кулли Тоҷикистонро ба додгоҳ кашид.
Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон даъво дорад, ки Додситонии кулл марги мармузи Исмонбой Бобоев, сокини Хуҷандро дар Шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд баррасӣ накардааст.
Дар Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2018 чанд падидае хоҳад буд, ки дар таърихи ин мусобиқоти муҳими ҷаҳонӣ бори аввал ҷорӣ мешавад. Яке аз онҳо кумаки видеоӣ ба довари асосӣ (VAR) мебошад. Ин система бори аввал дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон истифода мешавад. Тафсилотро дар ин навори видеоӣ бубинед.
Пас аз 6 рӯзи қатли Моҳира Ятимова, хонаводаи ҳамсари собиқаш Бобоҷон Ширинзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳеҷ интизор надоштанд, ки чунин фоҷеае рух медиҳад.
Як манбаъ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гуфт, ки муфаттишони Оҷонсии давлатии мубориза бо фасод дар доираи таҳқиқоти вазъи “Агроинвестбонк” бо Муродалӣ Алимардон, раиси ин бонки дучори мушкил ҳам "сӯҳбат" кардаанд.
Сокинони деҳаҳои наздимарзии Мақсади Қирғизистон ва Овчӣ Қалъачаи Тоҷикистон гирди як дастархони ифтор ҷамъ омада, аз таҳкими дӯстиву ҳамсоядорӣ сӯҳбат кардаанд.
Ҷазо барои дӯстдорони пора сахттар шуд, Барои лайк ҳам метавонанд то 15 сол зиндон кунанд, Афви даҳҳо маҳбуси узбек дар арафи Иди Фитр, Ҷузъиёти қатли Моҳира Ятимова аз забони пайвандон, Зиндагии собиқ фаъоли Гурӯҳи-24 дар ватан.
Хабаргузории Yonhap-и Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 13 июн гуфт, ки машқҳои муштараки нирӯҳои ин кишвар ва ИМА эҳтимолан қатъ мешаванд ва ин тасмим ба музокироти халъи силоҳи ҳастаии Амрико ва Кореяи Шимолӣ рабт мегирад. Президенти ИМА Доналд Трамп дар нишасти хабарии шоми 12 июн баъди анҷоми музокироти таърихиаш бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун гуфт, ки баргузории машқҳое, ки “хеле таҳрикомез” ва гаронарзиш аст, феълан боздошта мешавад. Дар ҳамин ҳол, Кореяи Шимолӣ рӯзи 13 июн гуфт, ки Трамп ба халъи... Читать дальше...
Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, рӯзи 13-уми июн гуфт, дар миёни раҳбарони давлатҳое, ки ба маросими ифтитоҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол даъват шудаанд, исми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ҳаст. Ин маросим рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд. Песков, ки дар Маскав ба саволи хабарнигорон дар мавзӯи меҳмонҳои баландпояи даъватшуда ба Ҷоми ҷаҳонии футбол посух медод, гуфт, Маскав ҳузури президенти Амрико Доналд Трамп дар ин бозиҳоро “хуш мепазирад”. Ӯ гуфт, “Доналд... Читать дальше...
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки сафари доктор Абдуллоҳ ду рӯз идома хоҳад кард. Қарор аст, Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки рӯзҳои 20-22-юми июн дар Душанбе доир мешавад, ширкат кунад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар моҳи июни соли 2015 низ ба Тоҷикистон омада буд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, инчунин, хабар дод, ки рӯзҳои 19-22-юми июн Мамнун Ҳусейн... Читать дальше...
Дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон шоми 12 июн ифтори муштарак бо сокинони деҳаи Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин ифтор наздики 100 сокини маҳаллӣ ширкат кард. Ифторро сокинони Қирғизистон ташкил карданд. Дар деҳаи Мақсади Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон рӯзи 4 июн миёни марзбонон бо иштироки сокинон низоъ бархост. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, шаҳрвандони Қирғизистон дар қитъаи "Майдони футбол" ба мевафурӯшӣ машғул шудаанд. Марзбонони тоҷик савдогаронро аз майдон берун карданд. Читать дальше...
Раисҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров ба суруди ҳаҷвнигор Семён Слепаков, ки дар он ба Қодиров пешниҳод мекунад, мураббии тими мунтахаби футболи Русия шавад, бо шеър ҷавоб дод.
Дар ҳоле, ки раҳбарони ғарбӣ ҳалли баҳси тӯлонии миёни Юнону Македония бар сари исми кишвари Македонияро истиқбол мекунанд, раҳбарони ду давлат бояд ба мухолифатҳои оппозитсиюн дар парлумонҳои худ посух диҳанд. Рӯзи 12 июн нахуствазири Македония Зоран Заев эълон кард, ки Атен ва Скопйе баъди 27 соли баҳс ба натиҷае омаданд, ки исми кишвари Македония ба Македонияи Шимолӣ иваз мешавад. Баҳс аз он ҷо сар зад, ки Македония исми як вилояти кишвари қадимаи Юнон аст. Мунаққидони созиш, ки давоми чанд рӯзи охир даст ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ задаанд... Читать дальше...
Дар ҳоле, ки раҳбарони ғарбӣ ҳалли баҳси тӯлонии миёни Юнону Македония бар сари исми кишвари Македонияро истиқбол мекунанд, раҳбарони ду давлат бояд ба мухолифатҳои оппозитсиюн дар парлумонҳои худ посух диҳанд. Рӯзи 12 июн нахуствазири Македония Зоран Заев эълон кард, ки Атен ва Скопйе баъди 27 соли баҳс ба натиҷае омаданд, ки исми кишвари Македония ба Македонияи Шимолӣ иваз мешавад. Баҳс аз он ҷо сар зад, ки Македония исми як вилояти кишвари қадимаи Юнон аст. Мунаққидони созиш, ки давоми чанд рӯзи охир даст ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ задаанд... Читать дальше...
Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд даъвати оммавӣ барои содир намудани “теракт” ва сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет ҷурм шинохта шуда, аз 10 то 15 соли зиндонро дар пай хоҳад дошт.
Дар Тоҷикистон аз ин ба баъд даъвати оммавӣ барои содир намудани “теракт” ва сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет ҷурм шинохта шуда, аз 10 то 15 соли зиндонро дар пай хоҳад дошт.
Созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch мегӯяд, дар ҳуҷҷате, ки аз сӯи Доналд Трамп ва Ким Чен Ин имзо шуд, дар бораи ҳуқуқи инсон дар Куриёи Шимолӣ чизе гуфта нашудааст. "Дар матни эъломияи саммити Сингапур миёни Ким Чен Ин ва Трамп дар бораи ҳуқуқи инсон чизе гуфта нашудааст", - навишт муовини мудири HRW дар умури Осиё Фил Робертсон дар шабакаҳои иҷтимоӣ. "Ғазабовар аст, ки ҳуқуқи инсон дар Куриёи Шимолӣ нодида гирифта шудааст. Дар оянда ҳуқуқи инсон миёни Куриёи Шимолӣ ва котиби давлатии ИМА Помпео чӣ гуна баррасӣ мешавад? Читать дальше...
Сархатиби шаҳри Тошканд Қорӣ Анвар Турсунов субҳи 13 июн аз олам даргузашт. Ин хабарро дар Идораи мусулмонони Узбекистон низ тасдиқ карданд. Бино ба хабарҳо, ҷанозаи Қорӣ Анвар Турсунов имрӯз, 13 июн баъд аз намози аср дар масҷиди ҷомеи "Манор"-и Тошканд баргузор хоҳад шуд. "Мусулмонони мо имрӯз талафоти бузург диданду мусибати вазнин доранд. Устоди муҳтарами мо, ки ҳатто дар берун аз кишвар маъруфанд, моро тарк карданд. Раҳбарият, уламо, имом-хатибон ва мударрисони Идораи мусулмонони Узбекистон... Читать дальше...
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 12 июн зери қонуне имзо гузошт, ки бар асоси он 226 маҳбус афв хоҳанд шуд. Дар Узбекистон бори нахуст бо фармони президент ва бар пояи қисми 23-и банди 93-и Конститутсия бахшида ба моҳи Рамазон маҳбусоне афв мешаванд, ки "аз таҳти дил тавба карда, ба роҳи рост баргаштаанд". Аз ин 226 зиндонӣ 212 тоашон аз муассисаҳои ислоҳӣ пурра озод шуда, ҳукми зиндони 14 тани дигар кам карда хоҳад шуд. 40 тани афвшудаҳо аз 60-сола боло буда, дар миёнашон 39 шаҳрванди хориҷӣ... Читать дальше...
Дар Ҷоми қаҳрамонии футболи ҷаҳон 2018 Миср бо Русия, Уругвай ва Арабистони Саудӣ ба сабқат мебарояд
Тоҷикистон ҷазо барои “порадиҳӣ” ва “порагирӣ”-ро шадидтар кард. Агар то кунун барои ин ҷурмҳо ҷазо дар шакли ҷарима пешбинӣ мешуд, ҳамакнун муттаҳамонро ҳабс интизор аст.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости