Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2018

Новости за 05.06.2018

Талаби 15 ҳазор доллар барои сад акси Ратушенко. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як аксбардори маъруф дар Тоҷикистон дар идомаи чор соли баҳсҳои додгоҳӣ бо мақомоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон умедвор аст, ки ниҳоят додгоҳ даъвои ӯро барои эҳтироми ҳаққи муаллиф ба фоидаи ӯ ҳалл хоҳад кард. Қарор аст, рӯзҳои наздик мурофиаи навбатӣ баргузор шавад.

Исҳоқов ва Қулматов боздошт шуданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сафар Исҳоқов – нахуствазири собиқи Қирғизистон – дар доираи тафтиши фасод дар навсозии Маркази гармидиҳии Бишкек дастгир шуд. Додгоҳе дар пойтахти Қирғизистон рӯзи 5-уми июн қарор кард, ки ӯ то анҷоми тафтишот дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ мемонад. Дар ҳамин рӯз шаҳрдори собиқи Бишкек ва раҳбари пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон Кубаничбек Қулматов низ боздошт шуд. Сафар Исҳоқов рӯзи панҷуми июн боздошташро «комилан беадолатӣ» номид. Қаблан ӯ чанд дафъа барои бозпурсӣ ба Кумитаи амнияти... Читать дальше...

Нороҳатии донишҷӯён аз пешниҳоди манъи сафарҳои хориҷӣ

Ozodi.org 

Вазорати маорифи Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани қойидаи нав сафарҳои хориҷии донишомӯзону олимон ва дигар кормандони бахши мазкурро зери назорат гирифтанист. Минбаъд ин афрод масъуланд, ки 15 рӯз қабл аз рафтан ба хориҷ ҷузъиёти сафар ва хулосаи хаттии Вазорати умури хориҷиро пешниҳод кунанд.



Шикояти коргарони тоҷик аз як ширкати чинӣ

Ozodi.org 

Кормандони як ширкати чинӣ дар Хатлон аз таъхир дар пардохти ҳаққи заҳмати худ шикоят доранд. Дар ҳоле ки намояндагони “Чунтай-Хатлон” аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд, коргарони яке аз бахшҳои ширкат дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ гуфтанд, танҳо ба сокинони деҳаи онҳо 9 000 сомонӣ маош пардохт нашудааст.

Талаби 15 ҳазор доллар барои сад акси Ратушенко

Ozodi.org 

Геннадий Ратушенко, аксбардори маъруфи Тоҷикистон, аз Палатаи савдо ва саноати кишвар тақозо дорад, ки барои намоиши бе иҷозаи суратҳояш дар Маскав 140 ҳазор сомонӣ (15 000 доллар) товон пардозад. Қарор аст, мурофиа рӯзҳои наздик дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт баргузор шавад.

Сафар Исҳоқов - сарвазири собиқи Қирғизистон боздошт шуд

Ozodi.org 

Сафар Исҳоқов, нахуствазири собиқи Қирғизистон, дар доираи тарҳи навсозии Маркази гармидиҳии Бишкек дастгир шуд. Додгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек рӯзи 5-уми июн қарор кард, ки ӯ то анҷоми тафтишот дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хоҳад монд. Навор аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ



Вакил: Шояд Сентсовро маҷбур кунанд, ки ғизо истеъмол кунад

Ozodi.org 

Филмсози украинӣ Олег Сентсов, ки аз ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014 аз ҷониби Русия эътироз карда ҳоло дар зиндон гуруснагӣ эълон кардааст, ба гуфтаи вакилаш шояд ба таври маҷбурӣ ғизо дода шавад. Дмитрий Динзе, вакили дифои Сентсов гуфт, ки дар паи гуруснагӣ баъзе узвҳои бадани ӯ аз кор мемонад. Дмитрий Динзе рӯзи 4 июн дар зиндони минтақаи мухтори Ямало-Ненетск бо шахси мавриди ҳимояаш мулоқот кард. Сентсов бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҳукми ӯро сиёсӣ арзёбӣ мекунанд. Читать дальше...

99 корманди гумруки Қирғизистон дар фасодкорӣ гумонбар шуданд

Ozodi.org 

Солҳои 2017-2018 дар сохторҳои гумруки Қирғизистон 15 ҳодисаи коррупсия ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ба буҷаи давлат 450 миллион сом зарар ворид шудааст. Муовини раиси хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Шамил Бердалиев дар нишасти хабарие, ки рӯзи 5 июн дар Бишкек ҷараён гирифт, гуфт, бар асоси ҳодисаҳои фасодкорӣ 11 парвандаи ҷиноӣ дар нисбати 99 корманди ин соҳа боз шудааст. Аз миёни ин нафарон 9 нафарашон кормандони собиқадори соҳа будаанд, менависад бахши Қирғизии Радиои Озодӣ. Яке... Читать дальше...

Украина аз маҳкум шудани журналист Роман Сушенко интиқод кард

Ozodi.org 

Киев ва ҳам созмонҳои ҳомии озодии баён ҳукми журналисти украинӣ Роман Сушенкоро, ки рӯзи 4 июн дар Русия бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, интиқод карданд. Вакили дифои ӯ Марк Фейгин гуфт, ки ин иттиҳом сохтакорӣ шуда худи парванда дорои ангезаҳои сиёсӣ  мебошад. Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар масоили озодии матбуот гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ мутаассиф аст ва аз Русия хост, ки журналистро озод кунад. “Журналистӣ ҷиноят нест”, гуфт Дезир дар як изҳороташ. Ҳамчунин Кумитаи дифоъ аз журналистон... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 5-уми июни соли 2018

Ozodi.org 

Тоҷикистон дар муноқиашаи марзӣ Қирғизистонро айбдор намуд, Зарари вилояти Хатлон аз сел миллионҳо сомонӣ ҳисоб шуд, Таҳсил дар хориҷа танҳо бо иҷозати Вазорати маориф, Воридоти тухми хориҷӣ ба Тоҷикистон манъ шудааст, Марги фоҷеабори ду хирси нодир дар Муъминобод

"Фақат кӯдаконро гирифтем, дигар ҳамаро бурд"

Ozodi.org 

Аз хонаи панҷутоқӣ, анбор ва оғили Мӯъмин Юсуфов, сокини деҳаи Селгаҳи Панҷ деворҳои гилини нимавайрон монду халос. Сели шаби 15-уми май ”Ҷойи хоби кӯдакону китобу дафтар ҳама чизашонро об бурд”

Тифлис: Рӯзи дуюми корпартоӣ ва идомаи эътирозҳо

Ozodi.org 

Дар Тифлис кормандони метро рӯзи дуюм аст, ки даст ба корпартоӣ зада ҳамзамон раҳбари эътирозгарони зиддиҳукуматӣ ба мубориза зидди элитаи сиёсӣ идома медиҳад. Кормандони метро ба боло бурдани маошҳояшон пофишорӣ карда аз рӯзи 4 июн ба ин сӯ ба кор намебароянд. Автобусҳо дар кӯчаҳои Тифлис бо навиштаҷоти “Хадамоти ройгон” ба мардуми зиёди норозӣ аз ин ҳолат  хизмат мекунанд. Вале асабонияти мардуми эҳтиёҷманд ба нақлиёт афзоиш меёбад. Кормандони метро талаб доранд, ки аз соли оянда маоши онҳо то 45 дар сад боло бурда шавад... Читать дальше...

Путин ва Раҳмон дар Чин мулоқот мекунанд

Ozodi.org 

Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри чинии Тсиндао рӯзи 9 июн қарор аст мулоқоти президентони Русия ва Тоҷикистон – Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор шавад. Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия рӯзи 5 июн ба матбуот гуфт, ки дар ҷараёни ин мулоқот ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили дуҷониба ва ҳамчунин дар масоили марбут ба масоили байналмилалӣ баррасӣ мешавад. Ушаков гуфт, ки Тоҷикистон ва Русия дар созмону иттиҳодияҳои байналмилалии мисли СММ, Муштарак-ул-Манофеъ... Читать дальше...


Музыкальные новости
Тимати

ЮрКисс о черных списках «Русского Радио»: как туда попали SMAMAN, Тимати и Егор Крид





Rss.plus
Россия

Аналитики оценили изменение высоты новостроек в городах России за 5 лет




Woman.ru: певице Гагариной стало плохо на премии «Жара Music Awards» в Москве

Российские звезды пообщались со случайными пассажирами на «Солнце Москвы»

Шадаев: Минцифры начало обсуждать отмену роуминга с Белоруссией

В Подмосковье обсудили повышение профсоюзного членства для работников здравоохранения




Путин низои Донбассро бо ҷанги Чеченистон муқоиса кард

Ozodi.org 

Президенти Русия Владимир Путин ҷанги Донбассро бо ҷанги Чеченистон муқоиса кард. Ӯ гуфт, Киев барои ҳалли низоъ дар шарқи Украина бояд ба минтақаи ҷудоихоҳон мақоми худмухторӣ диҳад. Тавре ки ба гуфтаи ӯ, Москва дар вақташ ба Чеченистон дода буд. Путин пеш аз сафараш ба Вена дар суҳбат бо телевизиони ORF-и Австрия баргаштани нимҷазираи ишғолии Қрим ба ҳайати Украинаро аз эҳтимол дур донист. “Ин гуна шартҳо нест ва нахоҳад шуд”, - изҳор дошт ӯ. Вай таҳқиқи суқути ҳавопаймои “Боинг” дар Донбассро дар соли 2014 шарҳ дода... Читать дальше...

Рекорди нави қурби доллар дар "бозори сиёҳ"-и Туркманистон

Ozodi.org 

Қурби доллари амрикоӣ дар “бозори сиёҳ”-и Туркманистон ба сатҳи нави рекордӣ расид. Дар бозорҳои вилояти Дашоғузи ин кишвар рӯзи душанбе барои 1 доллар 29 манат пешниҳод мекарданд. Як манбаи мо дар Дашоғуз гуфт, субҳи 4 июн қурби ғайрирасмии доллар барои як муддати кутоҳ поин рафт, ки ба гуфтаи ӯ, ин кори “ҳаннотон” буд. “Дар Бойбозори Дашоғуз субҳ доллар арзон шуд. Вале зуд маълум гашт, ки ин бозии худи саррофон аст ва мехоҳанд, долларро арзон бихаранд. Фиребхӯрдаҳо баъдан талаб карданд, ки долларҳои онҳоро баргардонанд”, - афзуд манбаъ. Читать дальше...

Дар Самарқанд тилоҷӯён нозири минтақавиро латту кӯб карданд

Ozodi.org 

Дар ноҳияи Пахтачини вилояти Самарқанди Узбекистон сокиноне, ки ғайриқонунӣ ба пайдо кардани тило машғул буданд, нозири минтақавиро латту кӯб карданд. Ин ҳодиса рӯзи 31 май дар маҳаллаи "Тома"-и ноҳияи Пахтакор рух додааст. Сардор Маматқулов, нозири минтақавӣ замоне латукӯб шуд, ки бо баҳонаи истифодаи барқи ғайриқонунӣ манзили сокинонро тафтиш мекард. "Ҳангоми тафтиш соҳибони яке аз манзилҳои маҳаллаи "Тома" нахостанд, дарро ба рӯи мо боз кунанд. Мо дидем, ки соҳибхонаҳо барои пайдо кардани... Читать дальше...

Бишкек дархости паноҳандагии фаъоли қазоқро баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон хабар дод, ки дархости паноҳандагии фаъоли сиёсӣ ва блогнависи қазоқ Муродбек Тунгишбоевро баррасӣ мекунад. Ҷипар Мамбетова, як масъули хадамоти муҳоҷират рӯзи 5 июн ба бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҷараёни баррасии дархости паноҳандагии Тунгишбоев метавонад, то як сол давом кунад. Мақомоти махсуси Қирғизистон 10 май Тунгишбоевро дар шаҳри Бишкек боздошт карданд. Гуфта мешавад, ин фаъоли қазоқ аз соли 2014 ба ин тараф дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зиндагӣ мекард. Читать дальше...

Мусалмонон метавонанд вақфу закотро тариқи Интернет пардозанд

Ozodi.org 

Ширкати Click дар ҳамкорӣ бо Бунёди хайриявии "Вақф" имкон фароҳам оварданд, ки мусалмонони Узбекистон вақфу закоташонро тавассути Интернет ва хидматрасонии иртиботи мобилӣ пардохт кунанд. Дар ин бора рӯзи 5-уми июн бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод. Акнун анҷом додани пардохтҳои ҳатмии мусалмонӣ тавассути ҳамаи низомҳо ва дар ҳар макон мумкин шуд. Закоту вақфи пардохтаи мусалмонҳо дар Узбекистон ба суратҳисоби махсуси Фонди ҷамъиятии "Вақф" интиқол ёфта, баъдан дар умури динӣ сарф мешавад. Читать дальше...

Ашраф Ғанӣ ҳамла ба рӯҳониёнро маҳкум кард

Ozodi.org 

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ таркиши маргталабонаро дар назди сохтмони Шӯрои уламои  кишвар маҳкум карда аз фатвои маҳкумкунандаи чунин ҳамлаҳо ҳимоят кард.  Вай гуфт, ки ҳамлаи рӯзи 4 июн “алайҳи арзишҳои исломӣ мебошад”. Бо пуштибонӣ аз фатвои Шӯрои уламо,  Ашраф Ғанӣ гуфт: “мутаассифона, ҷанги таҳмилӣ ба Афғонистон ҳамарӯза ҷони фарзандони бегуноҳи моро мегирад”. Бархе гузоришҳо ҳокист, ки шумори умумии кушташудаҳо дар ҳамлаи дирӯзаи Кобул ба 14 нафар расида, аз миёни онҳо 7 нафараш рӯҳониён мебошанд. Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Большой театр

Театральный фестиваль «БАШНЯ» в Калининграде откроет Большой театр России




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса

Никакой магии! В спортивном прогнозировании не бывает безусловных выигрышных стратегий

Искусство продвинутого анализа в спортивном прогнозировании


Уимблдон

Медведев рассказал, как ударился головой перед матчем с Уиллисом на Уимблдоне в 2016 году



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России