Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2018

Новости за 14.06.2018

Путин баъди пирӯзии Русия дар футбол Муҳаммад Бин Салмонро ба оғӯш гирифт

Ozodi.org 

Путин аз ғояти шодӣ баъди пирӯзии тими Русия дар нахустин сабқати Ҷоми ҷаҳонии футбол валиаҳли Арабистони Саудиро ба оғӯш гирифт. Хабаргузории Интерфакс менависад, ки баъди пирӯзии тими мунтахаби Русия бар Арабистони Саудӣ дар нахустин бозии Ҷоми Ҷаҳонии футбол-2018 президенти Русия Владимир Путин аввал дасти Муҳаммад Бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудиро фишурд ва баъдан ӯро ба оғӯш гирифт. Русия дар ин бозӣ Саудиро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард. Путин, ки дар майдони Лужники бозиро тамошо мекард... Читать дальше...

Далер Кузяев ба майдон баромад

Ozodi.org 

Дар дақиқаи 65-уми бозӣ Далер Кузяев бозигари мунтахаби Русия Александр Самедовро иваз кард. Бобои Далер – Андрей Кузяев солҳои 1960-ум дар дастаи «Энергетик»- Душанбе бозӣ кардааст. Далер Кузяев борҳо дархости Тоҷикистонро барои бозӣ кардан дар дастаи мунтахаб рад карда буд.   Оилаи Кузяевҳо, ки тотортаборон ҳастанд, ҳамагӣ футболбоз ҳастанд. Падари ӯ Адям Кузяев ҳам дар дастаҳои гуногуни СССР ва Русия бозӣ кардааст.



Русия-Арабистони Саудӣ: 5:0 АКС

Ozodi.org 

Александр Головин, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Русия дар дақиқаи 94-уми бозӣ зарбаи ҷаримавиро ба ҳадаф расонд ва ҳисоби бозиро бо ҳисоби 5:0 ба нафъи кишвараш тағйир дод.  Ин бозии нахустин дар чаҳорчӯби Ҷоми Ҷаҳон оид ба футбол 2018 аст, ки миёни Русия ва Арабистони Саудӣ мегузарад. Денис Черишев дар дақиқаи иловагии 91-ум голи чорумро ба дарвозаи Арабистони Саудӣ зад.  Дар дақиқаи 71-ум голи севвумро ба дарвозаи саудиҳо Артём Дзюба зад. Дзюба дар ҳоле тавонист голро ба ҳадаф расонад,... Читать дальше...

Ҷоми ҷаҳонӣ оғоз шуд

Ozodi.org 

Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия оғоз шуд. Владимир Путин зимни суханронӣ дар оғози сабқати тими мунтахаби Русия ва Арабистони Саъудӣ ба ҳамаи 32 дастаи мунтахаби ширкатдори мусобиқот муваффақият тамано кард. Ӯ гуфт, баргузории Ҷоми Ҷаҳон барои ҳифзи сулҳ дар ҷаҳон хидмат мекунад. Президенти ФИФА Ҷани Инфантинно гуфт, дар моҳи наздик футбол қалби Русия ва баъдан кулли ҷаҳонро тасхир мекунад. Баъд аз суханронии шахсони расмӣ нахустин бозии Ҷоми Ҷаҳон шуруъ шуд. Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар 11 шаҳрҳои Русия баргузор шуда 15-уми июл анҷом меёбад. Читать дальше...

Модари чоргоникҳо: "Номи духтарчаро Пинҳона гузоштем"

Ozodi.org 

Як зан дар вилояти Суғд чоргоник ба дунё овардаст. Назокат Ҳодибоева, зани 35-солаи сокини ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаби 12 ба 13 июн дар зоишгоҳи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд чоргоники худро ба дунё овард.

Додгоҳи Ҳисор: "Мансуров дар қатли Домулло Абдураҳмон даст надорад"

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор бо судури ҳалнома даъвои Ҷамолиддин Мансуров, собиқ раиси шаҳри Ҳисорро дар нисбати сокини ҳамин ноҳия Баҳриддини Сафаралиев барои "расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ" қонеъ кард ва нисбати Сафаралиев ба андозаи 13 ҳазору 164 сомонӣ, ҷарима таъин намуд.



Пулиси Русия ришу либоси муҳоҷиронро ҳам "танзим" мекунад

Ozodi.org 

Пулиси Русия дар оғози бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол ба танзими зоҳири муҳоҷирони корӣ пардохтааст. Шакли зоҳирии муҳоҷирони кории тоҷик, аз ҷумла либоспӯшӣ ва гузоштани риши онҳо дар 11 шаҳре, ки бозиҳои Ҷомӣ Ҷаҳонӣ баргузор мешавад, бештар зери заррабини пулиси рус қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва президентони дигар дар Ҷоми Ҷаҳонӣ

Ozodi.org 

Аз ҷараёни кушоиши бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии футбол-2018 дар қатори раҳбарони дигар кишварҳо инчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам мушоҳида мекунад. Ба иттилои расмӣ, дар ифтитоҳи бозиҳо раҳбарони тахминан 20 давлат, асосан ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин иштирок мекунанд. Дар миёни онҳо - президентони Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Кирғизистон - Сооронбой Ҷеенбеков, Озарбойҷон - Илҳом Алиев ва ҳамсараш Меҳрубон Алиева, раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, нахуствазири Русия Дмитрий Медведев... Читать дальше...

Бонкҳо: "Ҳоло пул нест, баъд аз ид". ВИДЕО

Ozodi.org 

Пуле, ки муҳоҷирони тоҷик барои таҷлил аз иди Фитр ба хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон фиристодаанд, бо мушкилу навбатпоиҳои зиёд ба дасти онҳо мерасад.

Ахбори Озодӣ аз 14-уми июни соли 2018

Ozodi.org 

Оғози Ҷоми Ҷаҳонии Футбол ва ҳушдори Амрикову Британия, Ярмаркаи рамазонӣ дар бозори вилояти Хатлон, Мушкилоти хонаводаҳои муҳоҷирон барои гирифтани пул аз бонкҳо, Садақаи ғайримаъмулӣ ба хонаводаи нодор, Баҳси додгоҳии як созмони ҳомии ҳуқуқ бо Додситонии Кул.

Бонкҳо ба наздикони муҳоҷирон: "Пул нест, баъд аз ид"

Ozodi.org 

Хонаводаҳои муҳоҷирон дар бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон аз он шикоят мекунанд, ки пули ирсолкардаи наздиконашонро аз бонкҳо ба осонӣ гирифта наметавонанд. Дар намояндагиҳои бархе аз бонкҳои кишвар дар ноҳияҳо ба мардум гуфтаанд, пулҳои ба номашон интиқолёфтаро метавонанд пас аз иди Фитр бигиранд.

Помпео дар Сеул аз шарту шурути бекор шудани таҳримҳои Кореяи Шимолӣ гуфт

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА гуфт, то замоне, ки Кореяи Шимолӣ ба  марҳилае нарасад, ки комилан орӣ аз силоҳи ҳастаӣ бошад, ҳеҷ сӯҳбате дар заминаи бекор кардани таҳримҳо  буда наметавонад. Майк Помпео рӯзи 14 июн ин нуктаро дар Сеул баён кард, ки он ҷо бо президенти Кореяи Ҷанубӣ  Мун Ҷе Ин дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ин мулоқот ду рӯз баъди музокироти таърихии раҳбарони ИМА ва Кореяи Шимолӣ дар Сингапур барпо шуд. Дар нишасти хабарие, ки Помпео бо вазирони хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон дошт, гуфт, Кореяи... Читать дальше...

Нархунавои бозори Тоҷикистон дар остонаи Иди Фитр

Ozodi.org 

Масъулини бозори "Ҳоҷӣ Шариф", яке аз бузургтарин бозорҳои ҷануби Тоҷикистон мегӯяд, ки дар даҳҳаи ахири моҳи Рамазон барои дастурхони идонаи мардум ярмарка-фурӯши масҳсулотҳои ниёзи аввалияро ба роҳ монд.

Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои Ҷоми ҷаҳонӣ ба Маскав парвоз кард

Ozodi.org 

Президенти Тоҷикистон дар роҳ ба Маскав аст ва қарор аст дар соати наздик ҳавопаймояш дар пойтахти Русия фуруд ояд. Як манбаъ дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 14 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳавопаймои  Эмомалӣ Раҳмон аз Душанбе ба Маскав парвоз кард ва қарор аст президент аз фурудгоҳ  ба варзишгоҳи Лужникӣ барои тамошои бозӣ биравад. Бозиҳо соати 18:00 ба вақти Маскав шурӯъ мешавад. «Президент бо даъвати ҷониби Русия ба Маскав парвоз мекунанд», гуфт ин мақом. «Вале маълум нест, ки оё сафараш дар... Читать дальше...


Музыкальные новости
Игорь Бутман

Игорь Бутман заявил, что Пугачева ему безразлична, и назвал ее ЖКП





Rss.plus
ТПП

Президент ТПП РФ Сергей Катырин в ходе рабочего визита в Абу-Даби встретился с председателем Федерации торгово-промышленных палат ОАЭ Абдуллой Аль-Мазруи




Мать с ребенком упали с четвертого этажа в шахту лифта в Иванове

Президент РФ: мы должны больше сближаться с нашими партнерами по СНГ

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» помогает Государственной Думе РФ оптимизировать налоговую сферу. «СВЯТОЙ кибер ЛЕНИН» удаляет налоги: перезагрузка.

Врач МОДКТОБ рассказал об опасности открытых окон для детей




Чӣ гуна як узви "Гурӯҳи 24" ба Тоҷикистон баргашт?

Ozodi.org 

Модари як мухолифи ҳукумат будан, барои Раҷабгул Зайнова яке аз марҳилаҳои душвори зиндагиаш буд. Писараш дар соли 2014 дар Русия ба созмони сиёсии "Гурӯҳи 24" пайваст. Узви ин гурӯҳи сиёсӣ буданани писарашро ӯ аз кормандони амният фаҳмид. Ӯ ҳудуди ду моҳ пеш ба Тоҷикистон баргашт ва ҳоло мегӯяд, ки аз сӯи мақомот афв шудааст.

Ассад гуфт, нирӯҳои эронӣ дар Сурия боқӣ мемонанд

Ozodi.org 

Президенти Сурия Башор Асад гуфт, ки ӯ ба ёрии нирӯҳои Ҳизбуллоҳи Эрон дар Сурия эҳтиёҷ дорад ва то замоне, ки онҳо зарур ҳастанд, дар ин ҷо хоҳанд монд. Дар як мусоҳибааш бо телевизиони Al-Alam  шоми 13 июн Асад гуфт, ки Эрон ба фарқ аз Русия дар хоки Сурия ҳеҷ пойгоҳи низомӣ надорад, вале агар, ба гуфтаи ӯ, зарурат барои будани пойгоҳҳои низомии эронӣ пайдо шуд, “мо аз ин чиз даст намекашем”. Вай аз Эрон ва Русия ба унвони кишварҳои шарик ном бурд. Вай гуфт, ки дар муқобила бо шӯришиёни суриягӣ аз мушовирону ҷангандаҳои эронӣ... Читать дальше...

То шурӯи Ҷоми ҷаҳонӣ соатҳои башумор мондааст

Ozodi.org 

Шоми 14 июн дар Маскав даври 21-уми бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол шурӯъ мешавад. Бозиҳои нахустин миёни тимҳои Русия ва Арабистони Саудӣ дар варзишгоҳи марказии Лужникии Маскав барпо мешавад, ки барои беш аз 80 ҳазор тамошобин пешбинӣ шудааст. Бозиҳо соати 6 бегоҳ шурӯъ мешавад, вале пеш аз он маросими кушоиши бозиҳо барпо хоҳад шуд, ки дар он президент Владимир Путин ва меҳмонҳои ӯ иштирок мекунанд. Барои ширкат дар ин маросим президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам даъват шудааст. Бозиҳо дар маҷмӯъ... Читать дальше...

"Ба хотири осудагии волидон аз мухолифат даст кашидам". ВИДЕО

Ozodi.org 

Модари як мухолифи ҳукумат будан барои Раҷабгул Зайнова яке аз марҳилаҳои душвори зиндагиаш буд. Писараш дар соли 2014 дар Русия ба созмони сиёсии "Гурӯҳи 24" пайваст. Узви ин гурӯҳи сиёсӣ буданани писарашро ӯ аз кормандони амният фаҳмид.

Сарвазири пешини Қирғизистон дар боздоштгоҳ мемонад

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳрии Бишкек 13 июн дархости вакилони сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқовро барои тағйири қарори ҳабси пешакияш бетағйир гузошт. Вакилони дифоъ хостанд, ки ҳукми Исҳоқов ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шавад. Пештар Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек қарор кард, ки Исҳоқов ба боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон интиқол дода шавад. Дар назди бинои додгоҳи Бишкек даҳҳо одам бо талаби раҳоии сарвазири пешини Қирғизистон тазоҳурот карданд. КДАМ Қирғизистон... Читать дальше...

Иванов созишномаи тағйири номи Македонияро имзо намекунад

Ozodi.org 

Президенти Македония Гёрге Иванов созишномаи тағйири номи ин кишвар бо Юнонро имзо намекунад. Дар як изҳороташ ӯ рӯзи 14 июн гуфт, ки ин созиш хилофи Конститутсия аст. Иванов гуфт, ки мавқеи ӯ қатъӣ аст. Вай афзуд, ки ба ҳеч гуна фишору таҳдид ва найранг дода нахоҳад шуд. "Ин гуна созишномаи харобиоварро ҷонибдорӣ ё имзо нахоҳам кард", - изҳор дошт президенти Македония. Ба гуфтаи ӯ, дар масъалаи воридшавии Македония ба узвияти НАТО ва Иттиҳоди Аврупо номи давлат баҳс нахоҳад шуд. Пештар хабар дода шуд... Читать дальше...



Москва

В Армении прошел крупнейший на постсоветском пространстве «Бессмертный полк». Видео. Фоторяд


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил о начале сборки «Москвича» по технологии полного цикла



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Певица

Певица Лолита получила серьезные ожоги в Болгарии




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге


Андрей Рублёв

Рублёв в трёх сетах обыграл Маркоса Гирона и вышел в третий круг «Мастерса» в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Привлекут всех членов семьи: как теперь суды будут рассматривать дела о банкротстве



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России