Нороҳатии донишҷӯён аз пешниҳоди манъи сафарҳои хориҷӣ
Вазорати маорифи Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани қойидаи нав сафарҳои хориҷии донишомӯзону олимон ва дигар кормандони бахши мазкурро зери назорат гирифтанист. Минбаъд ин афрод масъуланд, ки 15 рӯз қабл аз рафтан ба хориҷ ҷузъиёти сафар ва хулосаи хаттии Вазорати умури хориҷиро пешниҳод кунанд.