Николсон: "Маҳви ҷангҷӯёни ДОИШ дар Афғонистон шиддат мегирад"
Генерали баландпояи амрикоӣ дар Афғонистон гуфт, ки дар давоми оташбаси аз ҷониби ҳукумати ин кишвар эълоншуда, амалиёти зидди ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” шиддат меёбад. Рӯзи 7 июн президент Ашраф Ғанӣ барои нахустин бор дар бораи оташбаси якҷониба бо Толибон ва шабакаи Ҳаққонӣ хабар дод ва гуфт, ки ин оташбас дар рӯзҳои охири моҳи Рамазон ҷорӣ мешавад.
Оташбас рӯзҳои 12 то 20 июнро дар бар мегирад ва ба ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳеҷ рабте надорад. Генерал Ҷон Николсон дар ҳошияи ҳамоиши НАТО дар Брюссел дар як нишасти хабарӣ рӯзи 8 июн гуфт, ки амалиёти зидди ҷангҷӯёни ДИИШ мисли пешина идома мекунад ва “ҳатто шиддат дода мешавад”. Нирӯҳои зиддитеррористии ИМА дар амалиёти вилояти шарқии Нангарҳори Афғонистон, ки истеҳкоми ҷангиёни “Давлати исломӣ” маҳсуб мешавад, иштирок мекунанд.