Дар ҳамлае дар Сурия даҳҳо нафар кушта шудаанд
Як созмони нозири ҷанг дар Сурия гуфт, ки шаби 7 ба 8 июн дар минтақаи зери назорати шуришиён дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии эҳтимолан Русия 38 нафар кушта шуд. Созмони “Нозирони ҳуқуқи башари Сурия“ гуфт, ки дар миёни кушташудаҳо дар минтақаи Зардона дар ҳудуди вилояти Идлиб ҷасади панҷ кӯдак ҳам ёфт шуд.
Дар изҳороти ин созмон гуфта шуд, ки шабонгоҳ ҳавопаймоҳои ҷангии эҳтимолан русӣ деҳаи Зардона дар шимоли Идлибро ҳадаф қарор дода, шумори зиёди мардумро қурбон карданд.
Дар ин бора раиси созмон Рамӣ Абдулраҳмон изҳорот дод. Эҳтимол меравад, ки шумори қурбониҳо боз ҳам афзоиш ёбад, чунки тахминан 50 шахси маҷрӯҳ дар ҳолати сангин қарор доранд. Амалиёти ҷустуҷӯи осебдидаҳои ин ҳамла дар зери оворҳо ҳам идома дорад.