Ши Ҷинпиг гуфт, "беҳтарин дӯсти ӯ" Владимир Путин аст
Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин зимни мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳамкориҳои ду кишварро ситоиш карда ва Путинро “самимитарин дӯсти худ” хондааст.
Ду раҳбар рӯзи 8-уми июн дар шаҳри Пекин ва қабл аз нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гуфтӯгу кардаанд. Баъди мулоқот Ши Ҷинпинг ба Владимир Путин нишони “Дӯстӣ” -ро тақдим карда ва гуфтааст, “Владимир Путин, раҳбари кишвари бузурги бонуфуз дар дунё аст. Ӯ дӯсти беҳтарин ва самимитарин дӯсти ман аст.”
Ба қавли Ши Ҷинпинг новобаста аз ҳар тағйир дар авзои ҷаҳонӣ барои Чину Русия рушди ҳамкориҳо дар авлавият қарор дорад. Владимир Путин дертар гуфт, ки бо раҳбари Чин, гуфтӯгуи “пурмаҳсул” доштааст.