Иттифоқҳои касаба : "Рӯзи Иди Фитр мактабҳо ҳам истироҳат мекунанд"
Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон гуфт, ки 15 июн -- рӯзи Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон расман рӯзи истироҳатӣ аст ва вазорати маорифро зарур аст санҷишу имтиҳон дар муассисаҳои таълимиро як рӯз пеш ё як рӯз баъд таъйин кунад.
Абдуллоҳ Холиқов, муовини раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон 11-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қонун дар бораи рӯзҳои ид, рӯзи иди Рамазон ва Қурбон расман истироҳат эълон шудааст. Ин дар ҳолест, ки Шӯрои уламои Маркази исломӣ эълон кард, ки Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 15-уми июн таҷлил мешавад.
Федератсияи Иттифоқҳои касаба ҳамчун ниҳоди ҳимоякунандаи ҳуқуқи коргарон дар ҳоле рӯзи идро расман истироҳат эълон кард, ки баҳсҳо атрофи ин масъала аз чанд рӯз ба ин тараф дар ҷомеа идома дорад. Ҳатто аз ҳар гӯшаи кишвар акси ҷадвали имтиҳонҳоро нашр мекарданд, ки масъулини таълимгоҳ дар ин рӯз имтиҳонҳои хонандаҳоро муайян кардаанд.
Дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Фитр ҳар хонавода аз субҳи содиқ дастархони худро ороста, дарҳоро боз мегузорад ва ҳар нафари омадаро бо ғизои гарму шириниҳои дастпухт зиёфат медиҳад. Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол таҷлил мегардад.