Иттифоқи касаба: Рӯзи ид мактабҳо ҳам истироҳат мекунанд
Иттифоқи касабаи Тоҷикистон 15-уми июн, рӯзи таҷлил аз Или саиди Фитрро истироҳат эълон кард. Масъулони ин ниҳод аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам хостаанд, ки санҷишу имтиҳон дар мактабҳои миёнаву олиро як рӯз пеш ваё баъди он таъйин намояд.
Абдуллоҳ Холиқов – муовини раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон – 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “тибқи қонун рӯзи иди Рамазон ва иди Қурбон расман истироҳат эълон шудааст.”
Ин дар ҳолест, ки баҳсҳо дар мавриди рӯзи корӣ ё истироҳатӣ будани 15-уми июн аз чанд рӯз ба ин тараф дар Тоҷикистон идома дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси ҷадвали имтиҳонҳо низ нашр шудааст, ки масъулони таълимгоҳ дар ин рӯз санҷишу имтиҳон гузоштаанд.
Шӯрои уламои Маркази исломӣ Иди саиди Фитрро ба рӯзи ҷумъаи 15-уми июн таъйин кардааст. Дар Рамазони имсола мусалмонони Тоҷикистон 29 рӯз рӯза мегиранд.
Дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Фитр ҳар хонавода аз субҳи содиқ дастархони худро ороста, дарҳоро боз мегузорад ва ҳар нафари омадаро бо ғизои гарму шириниҳои дастпухт зиёфат медиҳад. Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол таҷлил мегардад.