Омодагиҳои ахир ба музокироти Трампу Ким
Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 11 июн гуфт, ки мулоқоти ӯ бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун дар Сингапур “метавонад бахубӣ пеш равад”. Дар Сингапур мақомоти ҳарду кишвар охирин омодагиҳоро барои ташкили нишасти ду раҳбар таҳия доранд.