Генерали қаҳрамон бо дуздиву фасод муттаҳам мешавад
Имрӯз парлумони Арманистон масъунияти вакил Манвел Григорянро бекор кард. Қаҳрамони миллие, ки бо корнамоиҳояш дар ҷанги чоррӯзаи Қарабоғи Кӯҳӣ маъруф шудаст, бо дуздии молу амволи артиш муттаҳам аст.