Навалний мардумро ба эътирози зидди барномаи нави нафақа даъват кард
Раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний аз сокинони Русия даъват кард, ки рӯзи 1 июл алайҳи барномаи ҳукумат барои боло бурдани синни нафақа даст ба эътироз заданд. Дар изҳороти Навалний рӯзи 19 июн нақшаи ҳукумат «ғоратгарӣ» ва ҷиноят алайҳи шаҳрвандон арзёбӣ шуд. Навалний дар саҳифаи худ дар Инстаграм навишт: «Нақшаи боло бурдани синни нафақа, ки аз ҷониби Путин ва Медведев ташкил шудааст, як ҷинояти воқеӣ аст».
Вай гуфт, «ин як ғоратгарии оддии даҳҳо миллион мардум аст, ки зери ниқоби «ислоҳоти зарурӣ» муаррифӣ шудаст». Вай гуфт, ки ӯву тарафдоронаш зидди ин ташаббус бо тамоми нирӯ эътироз мекунанд. Ба иттилои Навалний, аз мақомоти 20 шаҳр дар Русия дархост шудааст, ки иҷозаи баргузории эътирозро бидиҳанд.
Вай ин маъракаро «эътирози сартосарии миллӣ» номид ва гуфт, ки дар ҳеҷ як аз 11 шаҳре, ки мизбони бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ мебошад, чунин дархост ироа нашудааст. Ҷоми ҷаҳонии футбол аз 14 июн то 15 июл дар Русия баргузор мешавад. Аксари эътирозгарон аз ҳақи роҳ ёфтан ба ин шаҳрҳо, аз ҷумла Маскаву Санкт-Петербург маҳрум мебошанд.