Вакилони Гулнора Каримова мехоҳанд бо Мирзиёев мулоқот кунанд
Грегуар Манжа, вакили дифои духтари президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримова бо ҳадафи мулоқот бо бо зерҳимояи худ ва ҳамчунин президенти кишвар Шавкат Мирзиёев вориди Тошканд шуданд.
Муассис ва раҳбари идораи вакилони дифои Mangeat Attorneys at Law дар Швейтсария Грегуар Манжаро дар ин сафар ҳамкоронаш Фанни Маргайрас ва Элис Парменте ҳамроҳӣ мекунанд. Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, барои мулоқоти онҳо бо Каримова ҳеч монеае вуҷуд надорад.
Манжа бори охир бо Каримова моҳи декабри соли 2016 мулоқот карда буд. Вале тайи якуним соли дигар талошҳои ӯ барои мулоқот бо Каримова бенатиҷа буданд. Мулоқоти дувуми ӯ бо Каримова моҳи апрел дар бинои Додситонии кулли Узбекистон баргузор шуд.
Ба гуфтаи вакили дифоъ, дувуним соли аввали ҳаёти Каримова, ки чор сол пеш ба ҳабс гирифта шудааст, дар зиндон мушкил буд. Манжа мегӯяд, ҳоло Каримова дар зиндоне нигаҳдорӣ мешавад, ки тақрибан се соат аз Тошканд дур аст. Ба иттилои ҳомии ҳуқуқ, вазъи Каримова дар зиндон ва муносибат бо парвандаи ӯ баъд аз сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев беҳтар шудааст.
"Каримоваро танҳо номуайянии парвандааш ранҷ медиҳад. Ӯ мардонавор ҳамаи айбҳои зиддаш эъломшударо рад мекунад", - изҳор дошт вакили дифои швейтсариягӣ.
Манжа мегӯяд, ягона шахсе, ки метавонад вазъи Каримоваро дар зиндон ҷиддан тағйир диҳад, Шавкат Мирзиёев аст.
Дар бораи тақдири худи Гулнора Каримова додситонии кулли Узбекистон бори охир 28 июли соли 2017 иттилоъ дод. Ба пояи он, додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Каримоваро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.