Сарвари аввалин "давлати кайҳонӣ" савганд ёд кард
Дар Вена, пойтахти Австрия маросими савганди сарвари Асгардиа - нахустин "давлати кайҳонӣ" дар ҷаҳон, ки таъсиси он соли 2016 эълон шуда буд, баргузор гардид. Раҳбари ин давлат донишманд, тоҷир ва филантропи рус Игор Ашурбейлӣ аст. Маҷаллаи амрикоии Newsweek хабар дод, ки маросими савганд рӯзи 25 июн баргузор шуд ва дар он Ашурбейлӣ ҳамчунин аз таьсиси бомуваффақияти тамоми шохаҳои давлати нав хабар дод.
Дар мақолаи Newsweek омадааст, ки маросим дар боргоҳи Ҳофбурги Вена баргузор шуд ва дар он дипломатҳо, олимон ва коршиносон аз тамоми ҷаҳон иштирок карданд.
Дар ҷараёни маърака сарвари давлат ба ҳозирон аз ҳадафҳои асгардиҳо нақл кард. Бунёди пойгоҳҳои қобили сукунат дар фазои атрофи замин ва ва шаҳракҳо дар Моҳ аз барномаҳои Асгардиа унвон мешаванд. Дар ниҳояти амр давлати нав ҳадаф дорад, ки узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид шавад, агар СММ Асгариаро ҳамчун давлати нав эътироф кунад.
Ба сафи давлати нав ҳар хоҳишманд метавонад шомил шавад. Барои ин танҳо ироаи ариза ба сомонаи asgardia.space кофӣ аст. Хабаргузории Reuters мегӯяд, ки феълан Асгардиа 204 ҳазор аҳолӣ дорад ва мақомоти мехоҳанд, ки дар 10 соли оянда теъдоди аҳолиро ба 150 миллион расонанд. Хабаргузорӣ ҳамчунин мегӯяд, ки шаҳрвандони ин давлат солона бояд 100 евро молиёт супоранд.