Ҳамлагари Capital Gazette ба панҷ куштори дараҷаи аввал муттаҳам шуд
Марди 35-сола бо номи Ҷаред Рамос, ки рӯзи гузашта дар ҳамла ба идораи нашрияи Capital Gazette, воқеъ дар Аннаполиси аёлати Мэриленд панҷ нафарро кушта ва як теъдоди дигарро захмӣ кард, ба панҷ куштори дараҷи аввал муттаҳам шуд.
Гуфта мешавад, ки ин аз ҳама ҳамлаи пурқурбонӣ ба журналистон дар таърихи Ийолоти Муттаиҳида буда, полис онро "ҳадафмандона" унвон кардааст. Capital Gazette қабл аз ин ҳамла дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайғомҳои таҳдидомез мегирифт.
Яке аз кормандони Capital Gazette гуфт, ҳамлагар аз паси дари шишагӣ ба сӯи кормандони нашрия оташ кушод.
Дар ҳоли ҳозир, далели ҳамлаи ин марди 35- сола ба идораи нашрия мушаххас нест ва тафтишот низ идома дорад.