Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, оташбаси якҷониба поён ёфт
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки оташбаси якҷониба бо Толибон ба поён расид ва нирӯҳои амниятиву дифоии ин кишвар ҳаққи баргузории амалиёти низомиро доранд.
Ӯ рӯзи 30-уми июн дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки ҳар вақте Толибон оташбас бихоҳанд, ҳукумат омодаи оташбас аст.
Оташбаси муштараки ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар се рӯзи таҷлил аз иди Рамазон, яъне то 17-уми июни имсол, идома кард. Баъди он Толибон муҳлати оташбасро тамдид накарданд.
Ҳукумати Афғонистон яктарафа муҳлати оташбасро барои даҳ рӯз дароз карда буд.