Истифода аз таҷҳизоти Huawei дар Тоҷикистон то куҷо амн аст?
Амрико ва баъзе кишварҳои ғарбӣ аз таҷҳизоти мухобиротии ZTE ва Huawei ба гумони ҷосусӣ ба нафъи Чин даст мекашанд. Аммо, ба назар мерасад, Тоҷикистон баръакс ба фанновариҳои мухобиротии ин ду ширкати азими Чин оғӯш кушодааст.