Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2019

Новости за 15.01.2019



Исмоилова бо талаби озодии блогнависи зиддифасод гуруснанишинӣ эълон кард

Ozodi.org 

Рӯзноманигори таҳқиқотгари Озарбойҷон Хадича Исмоилова бо талаби озод кардани блогнависи зиддифасод Меҳмед Ҳусайнов ва дигар зиндониҳои сиёсӣ ба гурӯҳи фаъолоне пайваст, ки бо чунин талаб даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Хадича Исмоилова рӯзи 15 январ аксҳои худаш, фаъоли ҳуқуқ Намиқ Абдуллоев ва дигаронро дар Фейсбук нашр кард, ки дар дафтари ҳизби "Мусавват" дар Боку гуруснанишинӣ эълон карданд.   "Ман чизи дигар барои қурбонӣ надорам, ба ҷуз саломатиам",- гуфт Исмоилова рӯзи 14 январ вақте аз барномаи ҳамоишаш ба эътирозгарон хабар дод. Читать дальше...

Меҳмоншоев: Беш аз сад кӯдакро дар муҳоҷират аз зиндаятимӣ наҷот додем. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як зану шавҳар аз Тоҷикистон барои ҷамъ кардани пули хона бо кӯдаки худ ба Маскав рафтанд, аммо корашон омад накард. Фиреб хӯрданд. Баъдан барои раҳо шудан аз банди азобу мушкилот тасмим гирифтанд, ки фарзанди худро ба ятимхона супоранд.

"Даргил наник" 100 навзодро аз зиндаятимӣ наҷот дод

Ozodi.org 

Бунёди мусоидат ба ҳифзи модару кӯдак бо номи "Даргил наник" дар Маскав беш аз 100 кӯдаки навзодро, ки аксарият аз модарони муҳоҷир ба дунё омадаанд, аз зиндаятимӣ ва бекасиву сарнавишти номаълум наҷот дод. Муассиси созмон коргардон, каскадёр ва ҳунарпешаи тоҷики муқими Маскав Меҳмоншо Меҳмоншоев аст.

Ахбори Озодӣ аз 15-уми январи соли 2019

Ozodi.org 

Бонки Миллии Тоҷикистон аз барканории раҳбарони бонки "Эсхата" ҳимоят кард, сокинони Душанбе мегӯянд, аз гази Узбекистон баҳрабардорӣ мекунанд, вале фишори он суст аст, суқути ҳавопаймои боркаш дар Эрон, зиёрат аз урдугоҳҳои тарбиявии Чин ва матолиби дигар.

Гази Узбекистон ба хонаи сокинони Душанбе расид. ВИДЕО

Ozodi.org 

Зулфия Урунова, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзодаи Душанбе, пас таваққуфи беш аз даҳсола бо гази табиии Узбекистон чой меҷӯшонад ва хӯрок мепазад. Сокинони ин кӯчаи пойтахти Тоҷикистон аз аввалин маҳаллаҳое ҳаст, ки дубора соҳиби гази табиии Узбекистон шудаанд.



Гази Узбекистон ба хонаи сокинони Душанбе расид

Ozodi.org 

Зулфия Урунова, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзодаи Душанбе, пас таваққуфи беш аз даҳсола бо гази табиии Узбекистон чой меҷӯшонад ва хӯрок мепазад. Сокинони ин кӯчаи пойтахти Тоҷикистон аз аввалин маҳаллаҳое ҳаст, ки дубора соҳиби гази табиии Узбекистон шудаанд.

"Паём"-и Эрон ба мадор нарасид

Ozodi.org 

Эрон гуфт, ки парвози моҳвораеро бо номи "Паём" ба роҳ монд, аммо мушак натавонист ба мадор бирасад. Раҳандозии мушак,  рӯзи 15 январ дар пасманзари ҳушдорҳои ИМА аз ингуна озмоишҳои Теҳрон ва иттиҳоми нақзи қатъномаи СММ сурат гирифт.  Вазири телекоммуникатсияи Эрон Муҳаммад Ҷавод Озари Ҷаҳромӣ ба телевизиони давлатӣ гуфт, ки мушаке, ки "Паём"-ро мебурд дар марҳилаи сеюми раҳандозӣ натавонист суръати заруриро касб кунад. Ӯ сабаби ин нокомиро шарҳ надод, аммо гуфт, ки олимон бар сари ин масъала кор хоҳанд кард. Читать дальше...

Лаҳистониҳо барои гиромдошти шаҳрдори кушташуда ба кӯча баромаданд

Ozodi.org 

Ба думболи эълони ҳалокати шаҳрдори Гдански Лаҳистон, ки рӯзи якшанбе дар як консерти хайрия мавриди ҳамла қарор гирифт, мардум дар чандин шаҳр, бо шумули Гданск, ба хотири гиромидошти ӯ ба кӯчаҳо баромаданд.  Рӯзи ба хок супудани Павел Адамович рӯзи мотам эълон мешавад.  Сарфи назар аз чандин амалиёт ва хунгузаронӣ табибон натавонистан шаҳрдорро наҷот диҳанд. Онҳо мегӯянд, ки зарбаи корд ба рагҳои муҳими қалбаш осеб расонд. Ҳамларо Штефан Б. аҷом дод, ки 27 сол дорад. Ӯ ба саҳна баромад ва бо корд ба Адамович ҳамла кард. Читать дальше...

Тухмие, ки дастгоҳи Чин бурда буд, бори аввал дар Моҳ реша давонд

Ozodi.org 

Дастгоҳи кайҳҳонии Чин - "Чанъэ 4", ки бомувафақият дар тарафи муқобил ё дар пушти Моҳ нишаст, бори аввал дар таърихи башар дар сатҳи Моҳ таҷрибаи биоложӣ анҷом дод. Тухмии пахта, ки моҳпаймои Чин бо худ бурда буд, реша тавонд. Дар ин бора телевизиони марказии Чин рӯзи 15 январ хабар дод. Барои таҷриба шаш навъи биложӣ, бо шумули тухми пахта ва картошка интихоб шуд. Аз аксҳои фиристодаи моҳпаймо маълум мешавад, ки тухмии пахта беҳтар нумӯъ кардааст. Ин аввалин тухмиест, ки бовуҷуди сахтиҳои муҳити зист... Читать дальше...

Шиддат ёфтани руҳияи зиддичинӣ дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Дар ду моҳи охир дар Қирғизистон шиддат гирифтани руҳияи зидди Чин ба назар мерасад. Аммо чеҳраҳои расмии кишвар, аз ҷумла раиси ҷумҳур Сооронбой Ҷээнбеков онҳоеро, ки мехоҳанд равобит бо Пекинро хароб кунанд, ба муҷозот таҳдид кардаанд.

ВАО: амалиёти ба ИМА ворид кардани Бутина бо дастури Кремлин сурат гирифт

Ozodi.org 

Амалиёти ворид кардани Мария Бутина ба доираҳои муҳофизакори нухбагони сиёсии ИМА  бо дастуру пуштибонии Кремлин сурат гирифт. Раҳбари амалиёт ва роҳнамои Бутина муовини пешини раиси Шӯрои федерация ва муовини "Бонки Русия" Александр Торошин буд. Чунин аст натиҷагирии хадамоти махсуси ИМА, ки The daily Beast онро дастрас кард. Мария Бутина охири соли гузашта гуноҳи худро эътироф кард, ки ӯ дар ИМА фаъолияти ғайриқонунӣ пеш мебурд, ҳамчун агенти  Русия сабти ном нашуда буд ва солҳо бо муҳофизакорони шинохтаи Амрико... Читать дальше...

Узбекистон меҳнати иҷбории омӯзгоронро расман манъ мекунанд

Ozodi.org 

Узбекистон тасмим доранд, ки ҷалби омӯзгорон ба меҳнати иҷбориро аз рӯи қонун манъ кунад. Ҳамчунин дар назар аст, ки даст задан ба маоши муаллимон барои харҷҳои гуногун, аз ҷумла обуна ба нашрияҳову маҷаллаҳо манъ карда шавад. Ин талабҳо дар лоиҳаи қонун "Дар бораи мавқеи омӯзгор" ворид шудааст. Лоиҳаи қонунро вазорати маорифи Узбектстан таҳия кард.  Дар лоиҳаи қонун, ки 11 январи соли ҷорӣ барои баҳсу баррасӣ дар интернет нашр шуд, мавқеи омӯзгор, усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ, инчунин низоми... Читать дальше...

Таркиш дар Кобул: чаҳор кас кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуд

Ozodi.org 

Аз таркиши шаби 14 январ дар шаҳри Кобули Афғонистон ҳадди ақал 4 кас кушта, бештар аз 90 тани дигар маҷруҳ шуд. Масъулияти ҳамлаи охирро то ҳанӯз касе ба дӯш нагирифтааст. Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, дастгоҳи тарканда, ки дар мошине насб шуда буд, дар қисмати шарқии Кобул, наздикии маҷмааи Green Village таркид. Дар ин маҷмаа чанде аз намояндагони созмонҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд. Ба иттилои мақомот, миёни маҷруҳон 23 кӯдак ҳаст. То чанде пеш дар маҷмааи... Читать дальше...

ҲСДҚ: эътирозҳои зиддичиниро ба гардани Отамбоев бор карданианд

Ozodi.org 

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) мегӯяд, дар ин кишвар талошҳои рабт додани эътирозҳои зиддичинӣ ба ҳизб афзоиш ёфтааст. Сухангӯи ҲСДҚ Кундуз Жолдубоева рӯзи 14 январ дар ин замина изҳороти расмӣ нашр кард. "Ин як ҳангомаи дурӯғу ифлоси навбатии мухолифони сиёсии мост, ки мехоҳанд, хатоҳои шахсии худро бар зиммаи президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва ҷонибдоронаш вогузор кунанд. Хадамоти махсуси ҳирфаӣ метавонад ба осонӣ созмондиҳандагони аслии тазоҳуротҳои ҳангомавиро муайян кунад", - омадааст дар изҳорот. Читать дальше...

Никол Пашинян сарвазири Арманистон таъйин шуд

Ozodi.org 

Президенти Арманистон Армен Саркисян фармони ба вазифаи сарвазирии ин кишвар таъйин шудани Никол Пашинянро имзо кард. Фармон дар сомонаи расмии президент нашр шудааст. Пашинян баъд аз эътирозҳои оммавӣ дар моҳи майи соли гузашта сарвазири Арманистон шуда буд. Тазоҳургарон ба раҳбарии Серж Саргсян ва ҳизбаш эътироз баён карда, гуфтанд, ӯ мехоҳад, баъди ду давраи президентӣ давраи севум низ ҳамчун сарвазир кишварро раҳбарӣ кунад. Миёнаҳои моҳи октябр Пашинян аз мақоми сарвазирӣ истеъфо дод ва муваққатан иҷрои ин вазифаро бар дӯш гирифт. Читать дальше...

Кумитаи варзиши ба 42 варзишгари тоҷик унвонҳои “номзад ва устоди варзиш” тақдим кард

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба 42 варзишгаре, ки меъёрҳои «номзад ба устоди варзиш», «устоди варзиш» ва «устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ»-ро иҷро намудаанд, унвонҳои варзишӣ тацдим кард

Мақомоти Туркманистон сабти номи сарбозони эҳтиётиро шуруъ карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Туркманистон дар ҳоли ҳозир сарбозони эҳтиётиро сабти ном мекунанд. Дар ҳамин ҳол, манбаъҳо мегӯянд, тамоми марзи Афғонистон бо Туркманистон дар ихтиёри ҷангҷӯён аст. "Ба ҳамаи нуқтаҳои бақайдгирии низомӣ дастур шудааст, ки мардони то 50-соларо барои омодагӣ ба амалиёти низомӣ санҷанд",-хабар дод як манбаъ аз вазорати мудофиаи Туркманистон. Ба гуфтаи ин манбаъ, сабти номи сарбозони эҳтиётӣ ба вазъи марз бо Афғонистон рабт дорад. "Вазъи марз ноором аст",-гуфт манбаъ. Панҷ вилояти Афғонистон бо Туркманистон ҳаммарз ҳастанд. Читать дальше...

Пиёзкорон дар Суғд мегӯянд, ба ҷои фоида зарар диданд

Ozodi.org 

Кишоварзон дар вилояти Суғд аз нархи ниҳоят арзони пиёз шикоят доранд. Ҳарчанд ҳосили ин зироат ин сол фаровон шуд, аммо бинобар уфти нархи он дар бозорҳои дохил, деҳқонон мегӯянд, аз ҳосили дастранҷашон ба ҷои фоида зарар мебинанд.

Трамп: "Бо Эрдуғон дар бораи мубориза бо ДИИШ ва минтақаи амн сӯҳбат кардам"

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбеи 14-уми январ изҳор дошт, ки дар гуфтугӯи телефонии худ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар бораи мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва эҷоди минтақаи амн дар Сурия, сӯҳбат кардааст.

Иморот ва Тайланд дар ҳаштякфинали Ҷоми Осиё-2019

Ozodi.org 

Дастаҳои мунтахаби футболи Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тайланд, ки дар гурӯҳи “А” мутаносибан дар ҷойгоҳҳои якуму дувум қарор гирифтанд, ба ҳаққи ширкат дар плей-офф ё даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2019 мушарраф шуданд.



Москва

Новые городские проекты в сотрудничестве с парком Юрия Лужкова готовит Фонд Юрия Лужкова


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин сообщил о планах создания отечественной платформы электромобиля



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

Племя Гунны: рэпер из США в меланхолии, наш Баста — в музлитературе




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Пензенские регбистки выиграли первенство России

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Анонс выпуска городской газеты «Деловой Новочеркасск» №17 (185)


Андрей Рублёв

Рублёв в трёх сетах обыграл Маркоса Гирона и вышел в третий круг «Мастерса» в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Мужчина перепрыгивает лужу у торговых рядов, 2000 год, Москва



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России