Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2019

Новости за 23.01.2019

Бинои ҲХДТ-ро дар Шаҳритус аз пули табибону омӯзгорон месозанд

Ozodi.org 

Кормандони идораҳои давлатӣ, аз ҷумла омӯзгорону табибон дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон муваззаф шудаанд, ки барои сохтмони бинои Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ноҳия маоши якрӯзаи худро бидиҳанд.

Хушҳолӣ бо лагадкӯби кӯдакон Қазоқистонро такон дод

Ozodi.org 

Баъди пайдо шудани видеои бадрафторӣ бо кудакон дар мактабҳои вилояти Туркистон дар Қазоқистон таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардаанд. Муаллимон мегуянд, дар бораи зӯроварӣ бо талабагон баъд аз он огаҳ шуданд, ки суҳбат дар бораи он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Писари вазир рисолаи номзадиашро аз нав дифоъ мекунад

Ozodi.org 

Писари Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рисолаи номзадиашро аз сари нав ва ин дафъа дар Комиссияи олии аттестатсионӣ ё ВАК-и Тоҷикистон дифоъ хоҳад кард. Шоҳин Саидзода соли гузашта дар Русия ба асардуздӣ муттаҳам шуд.



Украина аз се қарордоди кишварҳои муштаракулманофеъ хориҷ шуд

Ozodi.org 

Кабинети вазирони Украина қарор кард, ки фаъолияти се созишномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби кишварҳои муштаракулманофеъро бекор кунад. Инҳо қарордоди табодули байнидавлатии маълумоти иқтисодӣ, табодули маълумот дар бахши иқтисоди хориҷӣ ва ҳамкорӣ дар бахши фаъолиятҳои марбут ба иқтисоди хориҷӣ мебошанд.  Ду қарордоди аввал солҳои 1992 ва 1993 дар Минск ва Маскав имзо шудааст. Созишномаи сеюм дар бораи ҳамкорӣ дар бахши иқтисоди хориҷӣ 15-уми майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид. Бино ба қарори ҳукумати Украина... Читать дальше...

ВКД: "Дар Тоҷикистон 81% ба кори полис эътимод доранд"

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ки дар як пурсиши афкори умум аксари сокинон эътимоди худро ба полиси Тоҷикистон баён кардаанд. Пурсиш моҳи декабри соли 2018 аз тарафи Маркази илмӣ-тадқиқотии ВКД дар миёни тахминан 2800 нафар баргузор шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, беш аз 81 дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ба фаъолияти кормандони милиса бовар доштаанд. Онҳое, ки ба кори ходимони полис бовар надоштаанд, беш аз 18 дар сад ҳисоб шудааст. Дар хабар инчунин омадааст, ки беш аз 74 дарсад гуфтаанд... Читать дальше...

Ҷустуҷӯи ҳавопаймое, ки футболбоз Сала дар он буд, идома дорад

Ozodi.org 

Ҷустуҷӯи ҳавопаймо ва бозигари футбол Эмилиано Сала дар ҷазираҳои Норманди тангнои Ла-Манш идома дорад.  Ҳавопаймои якмуҳаррикаи Piper Malibu шоми 21-уми январ бо ду нафар: бозигари футбол Эмилиано Сала ва пилот аз фурудгоҳи шаҳри Нанти Фаронса баланд шуд. Вақте ҳавопаймо ба ҷазираи Ҷерсии Британия дар тангнои Ла-Манш наздик мешуд, пилот аз танзимгари парвозҳо иҷозаи поёншавӣ хост. Ҳавопаймо то 700 метр поён омад ва баъдан аз экрани радарҳо нопадид шуд. Ҷустуҷӯро рӯзи сешанбе оғоз карданд. Бино ба баъзе хабарҳо... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 23-уми январи соли 2019

Ozodi.org 

Лавҳаи ёдгорӣ барои қурбониёни Шарора, Зиндагии хатарнок дар болои лӯлаҳои газ Натиҷаи сафари Шавкат Мирзиёев ба Олмон Дар Кӯлоб сокинон аз бехабарӣ шикоят мекунанд Додгоҳ ҷониби аксбардори шинохтаи тоҷикро гирифт Роналдо ҷарима супорид то зиндонӣ нашавад



Блоки иқтисодӣ – "қаҳрамон"-и маҷлиси солонаи ҳукумат

Ozodi.org 

Беш аз нисфи маҷлиси имсолаи ҳукумати Тоҷикистон ба баррасии мушкили иқтисодии кишвар равона шуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷаласаи рӯзи 21-уми январро роҳбарӣ мекард, дар аксу гузоришҳои расмӣ бештар бо табъи хираву нороҳат ба назар мерасид.

Фармондеҳи Толибон - тарҳрези ҳамла ба пойгоҳи низомӣ кушта шуд

Ozodi.org 

Идораи амнияти Афғонистон рӯзи 23 январ дар як изҳорот аз кушта шудани фармондеҳи Толибон, тарҳрези ҳамлаи пурқурбонии ахир  ба пойгоҳи низомӣ, хабар дод. Ин ниҳод гуфт, ки фармондеҳи Толибон бо номи Ноҳмандро дар ҳамлаи ҳавоии шоми 22 январ маҳв карданд. "Нерӯҳои амниятӣ дар ҳоле ба Ноҳманд якҷо бо ҳафт нафари дигар ҳамла карданд, ки ҳуввияташонро медонистанд. "Хадамоти амнияти миллӣ террористонро таъқиб ва ҳамаи онҳоро маҳв мекунад",- омадааст дар изҳорот. Мақомоти Толибон хабари марги ин фармондеҳи худро то ҳол шарҳ надодаанд. Читать дальше...

Бе "истон". Пешниҳоди табдили номи Қазоқистон ба Ҷумҳурии Қазоқӣ

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон талаб доранд, ки пасванди “истон” (стан) аз номи ин кишвар ҳазф карда шавад. Озод Перуашев, вакили порлумони Қазоқистон, аз нахуствазири он кишвар хостааст, Қазоқистонро расман ба Ҷумҳурии Қазоқӣ табдил диҳанд.

Путин бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон меравад - Кремлин

Ozodi.org 

Маскав тасдиқ кард, ки сафари Путин ба Қирғизистон барои соли равон барномарезӣ шудааст, аммо замонаш ҳанӯз мушаххас нест.  "Сафари давлатӣ ба Бишкек ба барномаи кории президент шомил аст",- гуфт сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 23 январ ва афзӯд, ки ҳамоҳангии сафар аз каналҳои дипломатӣ ҷараён дорад.  Шарҳи Песков дар ҷавоб ба изҳороти мушовири сиёсати хориҷии президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков пахш шуд. Дониёр Сидиқов гуфт, ки Ҷеенбеков раиси ҷумҳури Русияро ба Қирғизистон даъват... Читать дальше...

Кристиано Роналдо шартан аз озодӣ маҳрум шуд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Футболбози дастаи “Ювентус”-и Италия Кристиано Роналду шартан аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯ рӯзи 22-юми январ шахсан ба додгоҳи Мадрид ҳозир шуд ва ҳукми додгоҳро эътироф кард. Ӯ мувофиқат кардааст, ки ба хотири саркашӣ аз супурдани андоз наздик ба 19 миллион евро ҷарима супорад ва дар муқобил ҳабси 23-моҳаи ӯ шартӣ хоҳад буд. Бар пояи қонунҳои Испания нафаре, ки бори аввал ҷиноят содир кардааст, "шартан" аз озодӣ маҳрум мешавад. Дар гузашта дигар ситораҳои футболи дастаҳои маъруфи испанӣ, ба мисли... Читать дальше...

Изҳороти вазири меҳнат модарони серфарзандро ба шӯр овард

Ozodi.org 

Модарони серфарзанди Қазоқистон аз президент Нурсултон Назарбоев даъват карданд, ки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоиро барканор кунад. Мадина Абилқосимова ахиран 30-доллари давлатро ба оилаҳои соҳиби чаҳор фарзанд кумаки қобили таваҷҷуҳ номид. "Ҳаҷми миёнаи таваррум имсол 5%-ро ташкил дод ва бинобар ин, кумакпулӣ низ афзоиш ёфт. Ин кумакпулӣ ҳар моҳ ба модароне дода мешавад, ки барои серфарзандӣ мукофотҳои давлатӣ гирифтаанд.  Дар дигар кишварҳо таҷрибаи мазкур тақрибан вуҷуд надорад. Агар мо ҳаҷми солонаи онро ҳисоб кунем... Читать дальше...

Идораи истихборот аз таҳдидҳо ба ИМА ҳушдор дод

Ozodi.org 

Дар солҳои оянда Русия ва Чин талош мекунанд, бо истифода аз вазъияти нав, ки боиси заъиф шудани назми байналмилалӣ шудааст, Амрикоро ба чолиш бикашанд. Чунин баёния дар стратегияи нави иктишофии ИМА зикр шудааст, ки рӯзи сешанбе нашр гардид. Тамоюлҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла нақши институтсияҳои байналмилалӣ, ҳамла ба демократия ва инзивои сохторҳои давлатии кишварҳои Ғарб дар ояндаи наздик бартарӣ хоҳанд дошт, менависанд таҳлилгарони амрикоӣ. "Талошҳои давомдори Русия барои бештар кардани нуфузу қудраташ... Читать дальше...

МТС: "Довталаби курсии президентӣ аз ташхиси бемориҳои рӯҳӣ гузарад"

Ozodi.org 

Тасмими Қувваталӣ Муродов, яке аз фаъолони собиқ Фронти Халқӣ барои иштирок дар интихоботи соли ояндаи президентӣ бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Бархе азми ӯро ҷиддӣ нагирифтанд, вале иддае дигар ташаббуси ӯро ба боди танқид кашиданд.


Музыкальные новости
Тимати

На восстановление уйдет год: невеста Тимати пострадала на Мальдивах





Rss.plus
Театр

Госцирк Бурятии возглавил Тудуп Батуев: Театр и цирк, Культура, Россия




Более 90 земельных участков выделила Москва для развития социальной и транспортной инфраструктуры за первый квартал 2024 года

В Москве прошел показ российского бренда одежды Душегрея

Строители завершили монолитные работы в медцентре в Ромашкове

Готовность кампуса для преподавателей лицея им Долгих в Истре составляет 54%




Сенати ИМА тарҳҳои хатми "Шатдаун"-ро ба овоз мемонад

Ozodi.org 

Сенати ИМА рӯзи панҷшанбе ба ду тарҳе райъ медиҳад, ки ҷумҳурихоҳон ва демократҳо барои поён додан ба "шатдаун" ё  азсаргирии кори ҳукумати федеролӣ пешниҳод кардаанд. "Шатдаун" ё қисман аз фаъолият бозмондани ҳукумати Амрико беш аз як моҳ боз ҷараён дорад.  Раҳбари ҷиноҳи аксарияти ҷумҳурихоҳон дар Сенат Митч Макконелл тарҳи худро барои сармоягузории бахшҳои алоҳидаи хадамоти давлатӣ, бо шумули девори амниятӣ дар марз бо Мексика ва то се сол тамдид кардани барномаи ҷилавгирӣ аз депортатсияи муҳоҷирони ғайриқонунӣ... Читать дальше...

Назари тоҷикон ба низоми сохтаи Владимир Ленин

Ozodi.org 

Замоне пайкара ё тасвирҳои Владимир Ленин барои аксар сокинони Тоҷикистон ошно ва маҳбуб буд ва тақрибан дар ҳама гӯшаҳои кишвар мактабу хиёбонҳои бузург номи ӯро доштанд. Владимир Ленин, ки чун "доҳии пролетариатҳои ҷаҳон", муаррифӣ мешуд, дар асарҳо ва ашъор тавсиф мешуд. Ҳоло доираҳои зиёде шахсияти Ленинро ба баҳс мекашанд ва таъсири амалкардҳояшро ба мардуми тоҷик баҳогузорӣ мекунанд. Ҳар нафар бо такя ба бардоштҳои худаш аз Ленин қисса мекунад.

Тафтишот навори бозпурсии гумонбари рабудани ҳавопайморо нашр кард

Ozodi.org 

Кумитаи тафтишоти Русия навори бозпурсии Павел Шаповалов, мусофири хатсайри Сургут-Маскавро дар Ютуб нашр кард, ки рӯзи 22 январ талаб кард, ҳавопаймо ба Афғонистон парвоз кунад.  Дар навори баъди нишасти изтирории ҳавопаймо дар фурудгои Ханти-Мансииск ва боздошти гумонбар, муфаттишон аз Шаповалов пурсиданд, ки чаро талаб кард ҳавопаймо ба Афғонистон парвоз кунад. Ӯ гуфт "на ҳама чӣ ба андозае содда аст, ки дар назари аввал менамояд". Аз сӯи дигар ӯ тасдиқ кард, ки  "Афғонистон аслан даркор набуд". Читать дальше...

Туҳфаи $8-миллионии Алишер Усмонов ба Маркази исломии Тошканд

Ozodi.org 

Раиси Маркази тамаддуни исломии Узбекистон Шоазим Миноваров хабар дод, ки олигархи узбектабори Русия Алишер Усмонов ба ин марказ 4 ҳазору 923 китоби нодирро ба маблағи 8 миллион доллар туҳфа кард. Хабаргузории давлатии Узбекистон бо истинод ба Миноваров навиштааст, ки "ин китобҳо асарҳои нодиреанд, ки бо забонҳои лотинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ дар асрҳои XIII дар бораи таъсири шарқшиносӣ ва ҷаҳони Ислом ба Аврупо навишта шудаанд". Зодаи шаҳри Намангон сарватманди Русия Алишер Усмонво дар суҳбат бо маҷаллаи Forbes 20 декабри 2018 гуфт... Читать дальше...

Дар Қазоқистон волидони хонандаҳои рӯймолпӯш ҷарима шуданд

Ozodi.org 

Дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон волидони ду хонаводае ҷарима шуданд, ки духтарҳояшон дар робита ба манъи бастани рӯймол дар мактаб ба дарсҳо намерафтанд. Мудири Департаменти назорат дар бахши маорифи вилояти Оқтеппа Жанар Муҳамбеталина гуфт, волидони ду хонандаи мактабҳои № 8 ва № 60-и шаҳри Оқтеппа 12 ҳазору 625 тенгаӣ (ҳудуди 30 доллар) "барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ, ки қонун пешбинӣ кардааст", ҷарима карда шуданд. Ба иттилои департамент, дар ҳоли ҳозир дар вилоят 10 хонандае ба қайд гирифта шудааст... Читать дальше...



Москва

Патриотическую акцию «Синий платочек» провели в Нижнем Новгороде в день прибытия «Поезда Победы»


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Бато Багдаев

Госцирк Бурятии возглавил Тудуп Батуев: Театр и цирк, Культура, Россия




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Гепарды – новые персонажи мультсериала «Команда МАТЧ»

Благодаря акции МТС Банка реабилитационная помощь в России станет доступнее

Сергей Лёвкин: в Митине завершат возведение физкультурно-оздоровительного комплекса


Анна Калинская

Калинская проиграла Свитолиной и не смогла выйти в 1/8 финала турнира в Риме



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Лавров: визит Владимира Путина в Китай укрепит сотрудничество России и КНР



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России