Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2019

Новости за 30.01.2019

Кибриё Юлдошева дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор гирифт

Ozodi.org 

Кибриё Юлдошева, зане, ки иддао дошт, кормандони милисаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ӯро пеш аз бозпурсӣ бараҳна кардаанд, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор гирифт. Вай ҳафтаи гузашта Тоҷикистонро тарк кард ва аз Русия паноҳгоҳ хост.

Мушкилоти бонкҳои Тоҷикистон аз куҷо омад?

Ozodi.org 

Абдулло Қурбонов, директори ташкилоти қарзии «Алиф-Сармоя» мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии ба буҳрон дучор омадани бонкҳо дар Тоҷикистон, роҳ ёфтани ашхоси тасодуфӣ ба баъзе бонкҳо мебошад.



Тоҷикистон дигар гунаҳкорони шиканҷаро намебахшад

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон зери фишори ҳомиёни ҳуқуқ ва Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ҷазо барои шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳоро сахттар мекунад ва афроде, ки даст ба шиканҷа мезананд, афв нахоҳанд шуд.

Ахбори Озодӣ аз 30-уми январи соли 2019

Ozodi.org 

Роҳи Душанбе-Бохтар пулакӣ мешавад, донишҷӯёнро дигар дар маршировкаҳо истифода намебаранд, афсари собиқи ОМОН кумак мехоҳад, соли рушди деҳот чӣ гуна амалӣ мешавад?



Домани Душанбе то Ҳисору Рӯдакӣ густариш меёбад

Ozodi.org 

Беш аз ҳабдаҳ ҳазор гектар замини ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор, ки аз деҳаву ҷамоатҳо иборат аст, ба қаламрави Душанбе ҳамроҳ карда шудааст. Вале мақомот мегӯянд, барои комилан шаҳрнишин шудани даҳҳо ҳазор сокини рустоҳо фурсати бештар зарур аст.

Apple-ро барои заъфпазирии FaceTime ба додгоҳ кашиданд

Ozodi.org 

Ширкати амрикоии Apple бинобар иштибоҳ дар замимаи FaceTime, ки ба рахнагарон иҷозат медиҳад ба микрафон ва дурбини корбари iPhone  дастрасӣ пайдо кунанд, мавриди баррасии додгоҳӣ қарор мегирад. Оҷонсии Bloomberg рӯзи 30 январ гуфт, ки вакили мудофеъ Ларри Уилямс аз Хюстон истеҳсолкунандаи  iPhone -ро ба хунукназарӣ муттаҳам кард. Ба гуфтаи вакил, шахси номаълум мешунид, ки чӣ тавр зерҳимояи ӯ таҳти савганд гузориш медод. Ларри Уилямс аз  Apple талаб кард, ки хисоротро ҷуброн кунад. Ҳаҷми ҷубронпулӣ мушаххас нашудааст. Читать дальше...

Нозири БДА-и Бохтар дар марги донишҷӯи туркман муттаҳам шуд

Ozodi.org 

Додситонии вилояти Хатлон парвандаи як нозири Бозрасии Давлатии Автомобилии шаҳри Бохтарро ба додгоҳ фиристод, ки дар пахш ва ҳалокати донишҷӯи туркман Мердан Ҳайдаров муттаҳам аст. Садама бо иштироки нозири БДА моҳи ноябри соли гузашта дар маркази вилояти Хатлон иттифоқ афтод.   Насурулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон, рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, нисбат ба Маҳмадшариф Сӯфиев, корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бар асоси моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ - "вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" - парванда боз шудааст. Читать дальше...

Узви Шӯрои Федератсияро аз толори маҷлисгоҳ боздошт карданд

Ozodi.org 

Дар Русия як сенатор – узви маҷлиси федеролии ин кишвар бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои сангин боздошт шуд. Рауф Арашукови 32-сола, сенатор аз ҷумҳурии Қарачай-Черкесия рӯзи 30 январ аз дохили толори маҷлиси Шӯрои Федератсия боздошт шуд. ТАСС бо такя ба тафтишот навишт, ки Арашуков дар куштори ду нафар дар соли 2010 – муовини раиси ҳаракати ҷамъиятии "Адыгэ Хасэ" Аслан Жуков ва мушовири раҳбари ҷумҳурии Қарачай-Черкесия Фрал Шебзухов даст дорад. Манбаи оҷонсӣ гуфтааст, ки “маводи собиткунандаи ин иттиҳомот пурра ҷамъоварӣ шудааст”. Читать дальше...

Кабулов гуфт, аз "ҳаракати ҷангҷӯёни ДИИШ ба минтақа" хабар надорад

Ozodi.org 

Замир Кабулов, намояндаи вижаи президенти Русия дар умури Афғонистон ва раиси департаменти дуюми Осиёи ВКХ дар заминаи эҳтимоли «ҳаракати дастҷамъии ҷангҷӯёни узви гурӯҳи «Давлати исломӣ» аз Покистон ба минтақа аз тариқи чархболҳо» изҳори бехабарӣ кард. Кабулов, ки рӯзи 29 январ дар Исломобод бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дидору гуфтугӯ кард, дар сӯҳбат бо оҷонсии ТАСС гуфт, мақомоти покистонӣ дар заминаи изҳороти ахири Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия «изҳори тааҷҷуб карданд». Читать дальше...

ИМА Венесуэларо барои таъқиби додгоҳии Гуйдо маҳкум кард

Ozodi.org 

ИМА қарори Додистонии кулли Венесуэла дар робита ба оғози таҳқиқи  Хуан Гуайдоро маҳкум намуд, ки ахиран худро президенти муваққатии он кишвар эълон кард. Дар ин бора мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон дар твиттер навишт. Болтон онҳоеро, ки кӯшиш мекунанд демократияро халалдор кунанд ва ба сиёсатмадори мухолифин осеб расонанд, бо паёмади ҷиддӣ ҳушдор дод. Пештар аз ин маълум шуд, ки додситони кулли Венесуэла Уилям Сааб маълумот дар бораи таҳқиқи Гуайдаро ба Додгоҳи олӣ фиристод. Читать дальше...

Димаш Кудайберген оиди вазъи қазоқтаборони Чин мавзеъгирӣ кард

Ozodi.org 

Овозхони қазоқистонӣ Димаш Кудайберген дар робита ба вазъи қазоқтаборони минтақаи Шинҷони Чин изҳори назар кард. Дар як нишасти хабарӣ Кудайберген гуфт, на дипломат асту на сиёсатмадор, аммо сарнавишти ҳамқавмонаш ӯро бетараф намегузорад. "Ман ҳам нигаронам ва мехоҳам, ин масъала ба зудӣ ҳал шавад. Вале ман сиёсатмадор нестам, танҳо овозхонам", - гуфт ӯ. Овозхони шинохтаи қазоқистонӣ рӯзи 29 январ дар шаҳри Остона нишасти матбуотӣ баргузор кард. Димаш Кудайбергени 24-сола баъди иштирокаш... Читать дальше...

Вакилони қирғиз: "фурсати афви маҳбусони сиёсӣ фаро расидааст"

Ozodi.org 

Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, ки маҳбусони сиёсӣ дар ин кишвар афв шаванд. Дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон имрӯз, 30 январ лоиҳаи қонуни афви маҳбусон бахшида ба 70-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва 80-солагии ёдбуди қурбониёни таъқибҳои сиёсии соли 1938 дар ин кишвар баррасӣ шуд Вакили порлумон Канибек Имоналиев гуфт, бояд сиёсатмадороне низ афв карда шаванд, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон рафтанд. Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои ахир ҳудуди 20 сиёсатмадори... Читать дальше...

Назарбоев назорати бозгардони қарзҳои бонкиро танқид кард

Ozodi.org 

Дониёр Акишев, раиси Бонки миллии Қазоқистон дар як ҷаласа дар шаҳри Остона дар бораи сатҳи баланди барнагардонии қарзҳои бонкӣ хабар дод. "Давоми 10 соли охир қарзҳои бонкӣ 5,5 триллион танга афзуданд. Дар ин муддат аз ҳисоби барҳамдиҳии 7 бонк ва беҳсозии вазъи 2 бонки дигар қариб 5 триллион танга сарф шуд. Яъне, шаҳрвандоне, ки дар ин муддат қарз гирифта буданд, дигар онро барнагардонданд", - хабар дод Акишев. Вай гуфт, бештари корхонаҳое, ки қарзҳои бонкиашонро барнагардонда буданд, ба фаъолияташон... Читать дальше...

Вазорати нақлиёт: "Шоҳроҳи Душанбе - Бохтар пулакӣ мешавад"

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол чанд роҳи дигари мошингард, аз ҷумла шоҳроҳи Душанбе-Бохтар пулакӣ хоҳад шуд. Ин роҳ маркази Тоҷикистон бо ҷануби кишвар мепайвандад. Дар гузашта шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ шуда, бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ гардида буд.

Ба донишҷӯёни туркман истифодаи телефону интернет дар вақти таътил манъ шуд

Ozodi.org 

Дар Туркманистон ба донишҷӯён дастур шудааст, ки дар таътили зимистонӣ аз телефони мобиливу интернет истифода набаранд ва ба тӯю ҷашнҳои дигар нараванд. Ҳамчунин, онҳо бояд маҳалли зисти худро тарк накунанд. Дар ин бора чанд донишҷӯи туркман, аз ҷумла донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Туркманистон, Донишкадаи кишоварзии Дашоғуз ва Донишкадаи омӯзгории Лебап ба хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ доданд. "Рӯзи 25-уми январ аз донишҷӯён баёнот гирифтанд. Инчунин, пеш аз ҷавоб додани донишҷӯён бо онҳо мулоқот карданд. Читать дальше...

Тоҷикистон қонуни мубориза бо тундгароиро нав мекунад

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон қонуни нави мубориза бо тундгароӣ таҳия мешавад, ки ба гуфтаи мақомот, усулҳои тозаи мубориза бо ин падидаро дар назар дорад. Қарор аст тарҳи нав то се моҳи дигар дар ихтиёри ҳукумат ва порлумон қарор гирад.

Қатар рақиби Ҷопон дар финали Ҷоми Осиё шуд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби футболи Қатар, ки дар бозии дувуми ниманиҳоии Ҷоми Осиё тими мизбони мусобиқот - Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард, дар финал бо Ҷопон рақобат мекунад.



Москва

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о препарате для лечения болезни Бехтерева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин рассказал, как можно посетить экскурсии в зданиях посольств разных стран



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Анастасия Волочкова

Жена бывшего Волочковой раскрыла имя сына после выписки из роддома




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«Бавария» победила «Вольфсбург» в 500-м матче Нойера в Бундеслиге

Собянин рассказал о ходе строительства Троицкой линии метро

Турнир по бильярдному спорту «Кубок Мэра Москвы» продлится до 18 мая в столице


Новак Джокович

Открытый чемпионат Италии: Новак Джокович получил сильный удар после выхода в третий раунд после Корантена Муте | Теннисные новости



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Бато Багдаев

Бурятский госцирк представил новое руководство: Театр и цирк, Россия и культура, дети



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России