Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2019

Духтари фирории саудӣ Бангкокро якҷо бо намояндагони СММ тарк кард

0
Духтари фирории саудӣ Бангкокро якҷо бо намояндагони СММ тарк кард

Шаҳрванди Арабистони Саудӣ Раҳаф Муҳаммад Алкунуни 18-сола, ки як шабонарӯз худро дар меҳмонсаройи фурудгоҳи шаҳри Бангкок бандӣ карда буд, фурудгоҳро ҳамроҳ бо намояндагони Оҷонси СММ дар умури паноҳандагон тарк кард.

Раҳаф гуфт, дигар намехоҳад бо хонаводаи худ зиндагӣ кунад ва аз Австралия дархости паноҳандагӣ кард. Ба гуфтаи Раҳаф, хонаводааш ӯро ба қатл таҳдид кардааст. Аз ҷумла, барои кутоҳ кардани мӯйҳояш ӯро шаш моҳ дар як ҳуҷра зиндонӣ карданд. 

Духтар дар суҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошт, ки аз Ислом рӯй гардондааст ва дар сурати бозгашташ ба хона "ӯро марг мунтазир аст".

"Онҳо манро таҳдиди куштан карданд, то таҳсили худро идома надиҳам. Ба ман иҷозати ронандагӣ ва сафарро намедиҳанд. Ба ман зулм мекунанд. Ман зиндагӣ ва кор карданро дӯст медорам, вале хонаводаам намегузоранд", - афзуд ӯ.

Шиносномаи Раҳафро ба маҳзи фуруд омаданаш дар Бангкок кормандони сафорати Арабистони Саудӣ мусодира кардаанд. Дипломати саудӣ гӯё ба Раҳаф гуфтааст, ки хонаводааш розӣ нестанд, ки ӯ ба Австралия сафар кунад, бинобар ин, бояд ба Кувайт баргардад.

Намояндагии сафорати Арабистони Саудӣ дар Бангкок Абдул ал-Шуайбӣ гуфт, мақомоти шоҳигарӣ дар қазияи марбут ба Раҳаф нақше надоранд. Ба гуфтаи ӯ, Алкунин барои он дар Тайланд монд, ки билети баргашт надошт. Ин тасмимро мақомоти Тайланд гирифтанд, чун сафорати Арабистони Саудӣ ҳаққи боздошти одамонро дар фурудгоҳ надорад.

Намояндагони гумруки Тайланд дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, барои он ба ин духтар иҷозати вуруд ба кишварро надоданд, ки ӯ  бо худ санадҳои зарурӣ надошт ва онҳо маҷбур шуданд, ба сафорати Арабистони Саудӣ дар ин бора хабар диҳанд.

"Ӯ аз хонаводаи худ дар Арабистони Саудӣ фирор карда, ба Тайланд омадааст. Вале барои ворид шудан ба кишвар ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ надошт", - гуфт раиси Хадамоти муҳоҷирати Тайланд Сурачате Хакпарн.

Арабистони Саудӣ ба мардҳои хонавода ҳақ медиҳад, ки аз занҳо, ҳатто агар болиғ бошанд, сарпарастӣ кунанд ва фирори зан аз хона масъалаи маргу зиндагиро ба миён меорад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

На Мальдивы – без лишних трат


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Виктор Тепляков

Депутат ЗСК Виктор Тепляков принял участие в праздновании Дня библиотек




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

При поддержке MR Group прошел полумарафон «ЗаБег.РФ»

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня

Бойцовская лига «Наше Дело» представит спортивную зону на Дне России


ATP

Российский теннисист Сафиуллин опустился на две позиции в рейтинге ATP



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Симферополь

Розыск: в Крыму третий день ищут девочку пятнадцати лет



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России